Support IslamQA

Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.

Ӯ мехоҳад, ки писару духтарашро Арафа ва Мино номгузорӣ кунад.

06-07-2020

Савол 10345

Ҳамсарам дар рӯзҳои наздик навзодеро таваллуд мекунад. Оё метавонед ба мо номи сомонаеро, ки дар он номҳои исломии хуб вуҷуд дошта бошад, пешниҳод кунед. Фикри шумо оиди номи Мино (яке аз макоҳои ибодат дар ҳаҷ) барои духтар чист? Фикри шумо оиди номи Намира (номи масҷиди Арафа) барои писар чист?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Шайх Бакр Абузайд китоби хубе бо номи "Тасмияту-л-мавлуд" дорад, ки дар он китоб масоили муҳимми алоқаманд ба ин мавзӯъ ва инчунин номҳои (хуберо) зикр намудааст. Мо ба ту насиҳат мекунем, ки номҳои маҳбубтарин дар шариъат ба монанди Абдуллоҳ ва Абдурраҳмон ва дигар номҳои мардону занони саҳоба ва номҳои машҳур дар назди Арабро интихоб намо. Ингуна номҳо хеле зиёданд ва ба эҷоди номҳои нав ниёзе нест, ки гоҳо инсонро ба баъзе аз умури мамнӯъ ворид менамояд, бидуни ин ки мутаваҷҷеҳи он шавад.

Шайх Саъд Ал-Ҳумайд.

Дар ҳақиқат аҷоиб аст, ки инсон номҳои маконҳои ибодат ва машоири ҳаҷро интихоб намуда, фарзандонашро бо он номҳо номгузорӣ мекунад. Агар мо пешниҳодеро, ки дар савол матраҳ кардӣ, бипазирем, мегуфтем, ки духтаронатонро Макка, Муздалифа, Арафа номгузорӣ кунед!

Эй бародарам! Инро тарк кун ва номҳои шаръии машҳуреро интихоб намо, ки саҳобагон ва гузаштагон ва донишмандон фарзандони худро бо он номгузорӣ кардаанд. Аллоҳ ба мову шумо фарзандони покиза ато намояд, Ӯ шунавадаи дуъо аст.

Номҳо, кунияҳо ва лақабҳо
Намоиш дар сомонаи Ислом савол ва ҷавоб