Support IslamQA

Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.

Ҳукми либосҳои варзишӣ, ки дар он нишон (логотип, нишонвора, рамз, аломат)-и кофирон аст

25-10-2024

Савол 105416

Пӯшидани либосҳои варзишӣ, ки дар он нишонҳои махсуси кофирон вуҷуд дорад, ба монанди футболкаҳои варзишӣ, ки дар он нишонҳои Итолиё, Олмон ё Амрико мавҷуд аст ва ё дар он номи баъзе аз бозигарони кофир навишта шудааст, чӣ ҳукм дорад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

“Либосҳое, ки дар он нишонҳои кофирон вуҷуд дорад, дар зер ба таври муфассал баён карда мешавад:

1- Агар ин нишонҳо рамзи дини кофирон, аз қабили салиб ва амсоли он бошад, дар ин сурат воридот, фурӯхтан ва пӯшидани ин либосҳо ҷоиз нест.

2- Агар ин нишонҳо бузургдошти яке аз кофиронро бо гузоштани сурат, навиштани номи ӯ ва амсоли он ифода намояд, ин низ ҳамонтавре ки дар боло зикр шуд, ҳаром мебошад.

3- Агар ин нишонҳо ба парастиш ва бузургдошти касе рабте надошта бошанд, балки тамғаи молии раво бошанд ва онро бренд мегӯянд, ҳеҷ боке надорад.

Тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст ва дуруду паёми Аллоҳ бар паёмбарамон Муҳаммад ва олу асҳоби ӯ бод”. Поёни сухан.

Кумитаи доимӣ оид ба таҳқиқоти илмӣ ва фатводиҳӣ.

Шайх Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз … Шайх Абдуллоҳ ибни Ғадаён … Шайх Солеҳ Ал-Фавзон … Шайх Абдулазиз Оли Шайх … Шайх Бакр Абузайд.
“Фатово-л-лаҷнати-д-доимати ли-л-буҳуси-л-илмияти ва-л-ифто” (24/24).

Аҳкоми варзиш, дилхушӣ ва шодмонӣ Аҳкоми либос
Намоиш дар сомонаи Ислом савол ва ҷавоб