Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.
Баъзе мардон дар рухсораҳои худ мӯй доранд. Оё тарошидани он ҷоиз аст ё на?
Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Мӯйи рухсораҳо дар ҳукми риш аст, аз ин рӯ тарошидани он ва кӯтоҳ кардани он ҷоиз нест, зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:
«Мӯйлабҳоро кӯтоҳ кунед ва ришро бигзоред ва бо мушрикон мухолифат кунед».
Муаллифони китоби “Ал-Қомус” ва “Ал-Лисон” аз ҷумлаи шахсоне ҳастанд, ки мӯйҳои рухсораҳоро ҷузъе аз риш медонанд.