Support IslamQA

Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.

Қаҳва, чой ва шакар ҳам гоҳо зарар доранд, оё ба монанди сигор ҳаром мегарданд?

06-06-2022

Савол 118268

Дар гуфтугуе, ки байни ману дӯстонам сурат гирифт, байни ҳам дар масъалаи ҳаром будани чизҳои зараровар ихтилоф намудем ва мавзӯи асосии баҳсамон сигор буд. Ман ояти зеринро далел овардам:  

 وَيُحَرِّمُ عَلَيْهِمُ الْخَبَائِثَ

سورة الأعراف: ١٥٧

«Ва чизҳои нопокро бар онҳо ҳаром мегардонад».   (Сураи Аъроф: 157).

Сипас гуфтам, ҳама чизе, ки зараровар аст, ҳаром мебошад. Дӯстонам гуфтанд, ки агар ин тавр бошад, чой, қаҳва, кола, шакар ва об ҳам ҳароманд, зеро нӯшидани оби бисёр низ, инсонро буғӣ карда сабаби марги ӯ мегардад ва шакари бениҳоят зиёд низ, қанди инсонро баланд намуда, сабаби марги ӯ мегардад. Ҳамин гуна, ҳама чизи ҳалолро дар ҳолати бисёр хӯрдан, ҳатман ба саломатии инсон зарар хоҳад расонд. Пас барои ҳаром гаштани чизҳои зараровар меъёр чист?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Аввал:    

Сухан дар бобати сабабҳои ҳаром будани сигор дар ҷавоби саволҳои (9083 ) ва (10922 ) баён карда шудааст.

Зарурат надорад, ки касе дар бобати нопок будани сигор ҷанҷол намояд. Сигор бӯи нопок дошта, бар сигоркаш ва шахси дар паҳлуи ӯ буда, таъсири бад мегузорад. Дар бобати зараровар будани сигор ҳама табибон бо ҳам иттифоқ кардаанд. Агар чунин бошад, пас сигор аз ҷумлаи нопокиҳо ба ҳисоб меравад. Ва яке аз сифатҳои паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) он аст, ки ӯ барои покиҳоро ҳалол ва нопокиҳоро ҳаром гардонидан, фиристода шудааст.

Шайх Абдураҳмон Саъдӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) чунин гуфтааст: "Аллоҳ таъоло ба паёмбараш Муҳаммад (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:

«Аз ту мепурсанд, ки чи чизҳое (аз таъомҳо) барои онҳо ҳалол гардонида шудааст?»

«Бигӯ: Барои шумо чизҳои покиза ҳалол гардонида шудааст».

Чизҳои покиза - ҳамаи он чизҳоест, ки фоидаовар ва ё болаззат буда, ба ҷисму ақли инсон зарар надорад ва дар зимни ин тамоми донагиҳо ва меваҷотҳое, ки дар деҳаҳову саҳроҳост, дохил мешавад ва ҳамчунин тамоми ҳайвоноти баҳрӣ  ва хушкӣ, ба ҷуз он ҳайвоноте, ки Шариат истисно кардааст, ба монанди дарандаҳо ва ҳайвоноти палид, шомили он аст.

Аз ин рӯ,  мафҳуми оят, бар ҳаром будани палидиҳо далолат мекунад, чигунае ки ошкоро дар ояти зерин зикр шудааст: 

 وَيُحِلُّ لَهُمُ الطَّيِّبَاتِ وَيُحَرِّمُ عَلَيْهِمُ الْخَبَائِثَ

سورة الأعراف: ١٥٧  

«Ва чизҳои покизаро бар онҳо ҳалол ва чизҳои нопокро бар онҳо ҳаром мегардонад».   (Сураи Аъроф: 157).

Поёни сухан аз "Тафсир"-и Саъдӣ (саҳ 221).

Аз донишмандон бобати ҳаром будани сигор фатвоҳои зиёде содир шудааст. 

Донишмандони кумитаи доимӣ оид ба фатводиҳӣ чунин гуфтаанд:

Кашидани сигор ҳаром аст, зеро ба саломатии инсон зиён доштанаш собит гашта, он аз ҷумлаи нопокиҳост ва инчунин исрофкорист. Аллоҳ таъоло фармудааст:

 وَيُحَرِّمُ عَلَيْهِمُ الْخَبَائِثَ

سورة الأعراف: ١٥٧

«Ва чизҳои нопокро бар онҳо ҳаром мегардонад».   (Сураи Аъроф: 157).

Поёни сухан.

Шайх Иброҳим ибни Муҳаммад Оли Шайх, Шайх Абдурразоқ Афифӣ, Шайх Абдуллоҳ ибни Ғадаён.

"Фатово-л-лаҷнату-д-доима" (22/178, 179).

Ҳамчунин гуфтаанд: 

Кашидани сигор ҳаром аст, зеро он аз ҷумлаи нопокиҳост. Аллоҳ ва паёмбараш нопокиҳоро ҳаром гардонидаанд. Аллоҳ таъоло дар васфи паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:

 وَيُحِلُّ لَهُمُ الطَّيِّبَاتِ وَيُحَرِّمُ عَلَيْهِمُ الْخَبَائِثَ

سورة الأعراف: ١٥٧

«Ва чизҳои покизаро бар онҳо ҳалол ва чизҳои нопокро бар онҳо ҳаром мегардонад».   (Сураи Аъроф: 157).

Поёни сухан.

Шайх Абдурразоқ Афифӣ, Шайх Абдуллоҳ ибни Ғадаён, Шайх Абдуллоҳ ибни Манеъ.

"Фатово-л-лаҷнату-д-доима" (22/179, 180).

Аз ин ҷо бар меояд, ки барои ҳаром будани сигор ояти зеринро далел овардан дуруст аст:

 وَيُحَرِّمُ عَلَيْهِمُ الْخَبَائِثَ

سورة الأعراف: ١٥٧

«Ва чизҳои нопокро бар онҳо ҳаром мегардонад».   (Сураи Аъроф: 157).

Дар бобати ба саломатии инсоне, ки сигор мекашад ва ба шахси дар паҳлуи ӯ буда, ки аз дуди он нафас мекашад, зиён доштани сигор ихтилофе вуҷуд надорад. Чуноне ки дар қоидаи шаръӣ омадааст: "Ҳар он чизе, ки зарараш собит шудааст, ҳаром мебошад".

Шайх Муҳаммад ибни Солеҳ Ал-Усаймин (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) чунин гуфтааст: 

"Далели ҳаром будани чизҳои зараровар дар Қуръону суннат: Далелҳои Қуръонӣ инҳоянд:

Аллоҳ таъоло фармудааст:

 وَلاَ تُلْقُوا بِأَيْدِيكُمْ إِلَى التَّهْلُكَةِ

سورة البقرة: ١٩٥

«Ва худро бо дасти хеш, ба ҳалокат наяфканед».  (Сураи Бақара: 195).

Аллоҳ таъоло фармудааст:

 وَلاَ تَقْتُلُوا أَنْفُسَكُمْ

سورة النساء: ٢٩

«Ва худатонро накушед».   (Сураи Нисо: 29).

Манъ намудан аз худкушӣ, ин худ манъ намудан аз сабабҳоест, ки ба худкушӣ бурда мерасонанд, пас ҳар он чизе, ки зарар дорад, ҳаром аст.

Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Бар худ ва дигарон зарар расонидан ҷоиз нест».

Бисёр вақт барои ҳаром будани сигор ояти зеринро низ далел меоваранд:

 وَإِنْ كُنْتُمْ مَرْضَى أَوْ عَلَى سَفَرٍ أَوْ جَاءَ أَحَدٌ مِنْكُمْ مِنْ الْغَائِطِ أَوْ لاَمَسْتُمُ النِّسَاءَ فَلَمْ تَجِدُوا مَاءً فَتَيَمَّمُوا صَعِيدًا طَيِّبًا

سورة المائدة: ٦

«Ва агар бемор ё мусофир будед ва ё яке аз шумо аз қазои ҳоҷат омад ё бо занон омезиши кардед ва обе наёфтед, бо хоки пок таяммум кунед».   (Сураи Моида: 6).

Ваҷҳи далолати ин оят, ин аст, ки Аллоҳ таъоло барои шахси беморро аз зарар ҳимоя намудан, таяммумро воҷиб гардонидаст. Инчунин таяммумро аз обе, ки истеъмоли он дар хунукӣ, беморӣ ва ғайра, зараровар аст, низ воҷиб гардонидааст". Поёни сухан.  "Ашшарҳу-л-мумтиъ" (15/12, 13).

Имрӯзҳо касе бар зарар доштани сигор ихтилофе вуҷуд надорад.

Шайх Ал-Усаймин (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) чунин гуфтааст: 

"Ва ҳамчунин сигор, ҳароина зарар дар асли он вуҷуд дорад ва тамоми табибон имрӯзҳо бар зарар доштани он бо ҳам иттифоқ кардаанд, ҳатто ду нафари онон ҳам дар ин масъала бо ҳам ихтилоф накардаанд, зеро дар таркиби он маводи зарҳноке вуҷуд дорад, ки хунро фосид мекунад". Поёни сухан. "Ашшарҳу-л-мумтиъ" (15/10).

Дуввум

Аммо шахси бо шумо дар масъалаи сигор муноқиша карда, ки барои саломатии инсон зарар доштани таому шаробҳои ҳалолро дар вақти зиёд истеъмол кардан мисол овардааст, он шахс хато кардааст, зеро мисоли овардааш нодуруст буда, хурдани ин таомҳо равост ва онҳо дар асл фоидаовар мебошанд, танҳо дар ҳолатҳои муайяне зарар хоҳанд кард, дар ҳолате ки зиёд истеъмол кунад.

Қоидаи дар боло зикршуда, ки мегӯяд: "Ҳар чизи зараровар ҳаром аст". Дар ин ҳолат ба гуфтаҳои боло низ мувофиқат мекунад. Аз ин рӯ, ба касе ҷоиз нест, ки об ва хурморо беҳад бисёр, то зарар кардан бинӯшад ё бихӯрад.

Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Усаймин (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:

Зарарнокӣ дар асли таом вуҷуд надорад. Аммо агар зарере аз он зоҳир шавад он бо сабаби омехта кардани ду таоми омехтанашаванда мебошад. Ин ба он маъност, ки дар ҳолати бо ҳам омехта шудани ду таом, он зарарнок хоҳад гашт, аммо агар ин дуро дар алоҳидагӣ бихӯрад, зараре нахоҳад дошт. Инчунин, чизҳое, ки барои бемор зарар доранд, агар ягон намуди муайяни таом бар ӯ зарар кунад ва ба ӯ гуфта шавад, ки агар аз он бихурӣ, бар ту зарар хоҳад кард, ин чиз низ бар ӯ ҳаром хоҳад гашт ... .

Шайху-л-ислом (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) чунин гуфтааст: "Ҳар вақто инсон аз хӯрдани чизе, битарсад, ки ба ӯ зиён хоҳад кард ва ё ба бемории пурхӯрӣ гирифтор мешавад, он чиз ба ӯ ҳаром мегардад".

Агар инсон бигӯяд: Агар ман шикамамро аз ин хӯрок пур кунам, сипас ба об эҳтиёҷ пайдо хоҳам кард ва агар обро изофа нӯшам, шояд роҳ гашта натавонам ва он ба ман зиён хоҳад кард ва агар бишинам, ба ман зиён мекунад ва агар рукӯъ кунам, ба ман зиён мекунад ва агар ба пушт хоб кунам, ба ман зиён мекунад ва агар ба шикам хоб бикунам, бар ман зиён мекунад. Дар ин бобат Шайху-л-ислом мегӯяд: "Агар битарсад, ки азият мекашад, бар ӯ хӯрдани он чиз ҳаром мегардад".

Он чизеро, ки Шайху-л-ислом гуфтааст, дуруст аст, зеро барои инсон ҷоиз нест, ки чизеро ки бар ӯ зиён мекунад, бихӯрад, чизеро, ки бар ӯ зиён мекунад бипӯшад ва ё ба болои чизе, ки бар ӯ зиён мекунад, бишинад, ҳатто саҳобагон (Аллоҳ аз онҳо хушнуд бод) ҳангоми саҷда намудан, чун гармӣ бар онҳо зиён мерасонд, либосашонро паҳн карда, бар болои он саҷда мекарданд, то ки азият накашанд ва намози худро бо оромӣ бигузоранд.

Гуфтаи Шайху-л-ислом, ки зиён ва пурхӯрӣ бобати чизҳоест, ки дар асл ҳаром набуда, зиёд истеъмол кардани он ҷоиз нест, яъне хӯрдани он танҳо ҳолати зиёд истеъмол кардан ҳаром мегардад, агарчи зарар ҳам набинад. Аммо ман мегӯям, ки ҳангоми зиёд истеъмол кардан зарар низ хоҳад дид, зеро аз ҷиҳати тиббӣ, агар меъдаро пур намоӣ, азият мекашӣ ва хаста мешавӣ ... .

Гуфтаанд: Амалҳои ҳалокатовар инҳоянд: Дохил сохтани таом бар болои таом. Агар ин гуфта дуруст бошад, ин амал низ ҳаром аст, зеро ки Аллоҳ таъоло мефармояд:

 وَلاَ تَقْتُلُوا أَنْفُسَكُمْ إِنَّ اللَّهَ كَانَ بِكُمْ رَحِيمًا

سورة النساء: ٢٩

«Ва худатонро накушед, зеро Аллоҳ ба шумо меҳрубон аст».   (Сураи Нисо: 29).

Дурустии ин гуфтаҳо аз назар дур нест, зеро он таҷриба шудааст. Поёни сухан.

"Ашшарҳу-л-мумтиъ" (15/9 - 11).

Инчунин Шайх Ибни Усаймин (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:

"Агар ба шахсе, ки бемории қанд дорад, гуфта шавад, ки хурмо ва ҳавло махӯр, хурмо ва ҳавло бар ӯ ҳаром мегарданд. Ин аз он сабаб аст, ки ин ду бар ӯ зарар доранд ва бар ӯ воҷиб аст, ки аз инҳо дурӣ биҷӯяд ва ба дигарон бошад, ҳалол аст". Поёни сухан.

 "Лиқооту-л-боби-л-мафтуҳ" (229 / саволи рақами 2).

Аз инҷо бармеояд, ки хӯроку нӯшокии ҳалолро бо сигори ҳаром муқоиса кардани рафиқи шумо нодуруст аст.

     Аллоҳ донотар аст. 

Нӯшокиҳо
Намоиш дар сомонаи Ислом савол ва ҷавоб