Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.
Агар аз бинии рӯзадор хун резад, чӣ ҳукм дорад? Чунки ман ба ин ҳолат гирифтор шудам.
Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Агар масъала ҳамон тавре бошад, ки шумо (дар савол) зикр кардед, рӯзаатон дуруст аст, зеро мубтало шудани шумо ба хуни бинӣ (хунравӣ) беихтиёри шумо будааст. Аз ин рӯ, наметавон бар ботил шудани рӯзаи шумо ҳукм кард. Далелҳои осонии Шариъат ба он далолат мекунад, аз ҷумла ояти зерин, ки Аллоҳ таъоло фармудааст:
لَا يُكَلِّفُ اللهُ نَفْسًا إِلَّا وُسْعَهَا
سورة البقرة: ٢٨٦
«Аллоҳ ҳеҷ касро ҷуз ба андозаи тоқаташ мукаллаф (ӯҳдадор) намесозад». (Сураи Бақара: 286).
Ҳамчунин Аллоҳ таъоло фармудааст:
مَا يُرِيدُ اللهُ لِيَجْعَلَ عَلَيْكُم مِّنْ حَرَجٍ
سورة المائدة: ٦
«Аллоҳ намехоҳад душвориеро бар шумо қарор бидиҳад». (Сураи Моида: 6).
Тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст ва дуруду паёми Аллоҳ бар паёмбарамон Муҳаммад ва олу асҳоби ӯ бод.