Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.
Баъзе кофирон дар чопи мусҳаф кор мекунанд ва ба мусҳаф даст мерасонанд. Дар сурате, ки коргарони дигар (яъне коргарони мусулмон) вуҷуд доранд, ҳукми ин амал чист?
Ҳамду сано барои Аллоҳ.
"Агар онҳоро манъ карда тавонед, пас онҳоро манъ кунед. Агар қудрат дошта бошед, онҳоро манъ намоед. Ҷуз мусулмон каси дигаре ба мусҳаф даст намерасонад. Агар қудрат надошта бошед, онҳоро манъ накунед ва ин чиз ба шумо зарар надорад. Гуноҳ бар зиммаи давлатест, ки ба онҳо иҷозаи чунин кореро додааст". Поёни сухан.
"Маҷмуъу фатово"-и Ибни Боз (24/339).