Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.
Оё ҷоиз аст, ки касе аз номи ман бароям намози истихора бихонад?
Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Барои касе ҷоиз нест, ки аз номи каси дигар намози истихора бихонад.
Дар “Лиқоу-л-боби-л-мафтуҳ”-и Шайх Ибни Усаймин дар зери шумораи (83) омадааст:
Истихора танҳо барои касе ҷоиз аст, ки ба анҷом додани коре азму ирода намояд. Истихора аз номи дигарон дуруст нест, агарчӣ ӯро (ба анҷоми ин кор) таъйин намуда, бигӯяд: “Барои ман аз Аллоҳ талаби хайр кун (яъне аз номи ман намози истихора бихон”.
Зеро расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:
«Ҳар гоҳ яке аз шумо қасди анҷоми кореро бикунад, ду ракъат намоз бихонад ва сипас бигӯяд: …. Баъд аз он ҳадисро пурра зикр намуд».
Ин монанди он аст, ки агар ду нафаре вориди масҷид шаванд ва яке аз онҳо ба дигаре бигӯяд: “Ба ҷои ман ду ракъат намози таҳияи масҷид бихон ва ман менишинам”. Ин амал дуруст нест. Намози истихора ба худи истихоракунанда, ки мехоҳад кореро анҷом бидиҳад, дахл дорад. Поёни сухан.
Аллоҳ донотар аст.