Ислом савол ва ҷавоб

Support IslamQA

Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.

Ӯ аз дӯсташ қарздор аст, оё пас аз марги дӯсташ метавонад онро садақа бикунад?

22-02-2025

Савол 152603

Яке аз дӯстонам вафот кард ва ман аз ӯ қарздор будам. Пас аз марги ногаҳониаш тасмим гирифтам, ки онро садақа ҳисобам. Оё ин кор ҷоиз аст? Ё бояд қарздор буданамро ба хонаводааш бигӯям?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Аз саволи шумо он чизе, ки мефаҳмем, ин аст, ки шумо аз дӯстатон қарздор будаед ва пас аз маргаш мехоҳед ин қарзро аз номи ӯ садақа кунед.

Агар ин тавр бошад, пас шумо ҳақ надоред, ки он қарзро садақа кунед, зеро бо марги шахс тамоми молҳояш ба ворисон интиқол ёфта, моли онҳо мегардад. Бинобар ин қарз акнун ҳаққи ворисон аст, ҳаққи майит намебошад. Пас шумо бояд онро ба ворисонаш баргардонед.

Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:
«Ҳар кас (вафот бикунад ва) моле аз худ гузорад, аз они ворисони ӯст».   Ривояти Бухорӣ.

Аллоҳ донотар аст.

Садақаҳо
Намоиш дар сомонаи Ислом савол ва ҷавоб