Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.
Ман донишҷӯи факултаи тиббӣ мебошам. Худ медонед, ки илми тиб чӣ қадар кӯшиши сахтро талаб мекунад. Аз ин рӯ, ғолибан ба зиёдтар талаб намудани илми шаръӣ фурсат надорам. Пас миқдори ками илми шаръие, ки метавон ба он иктифо намуд, чӣ қадар аст? Он миқдоре, ки агар онро аз худ кунад, гуфтаи паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод)-ро, ки фармудааст: «Талаби илм фарз аст» иҷро менамояд? Ва агар аз он зиёдро аз худ накунад, дар ҳаққи илми динии худ тафриту кутоҳӣ накардааст?
Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Талаби илм дар баъзе ҳолатҳо фарзи айн буда, бар ҳар як мусулмон воҷиб аст, ки онро таълим бигирад. Касе, ки қудрати таълим гирифтанро дошта бошад, баҳона пеш оварда наметавонад, ки онро намедонад. Аз ҷумлаи ин улум, илми усули имон ва рукнҳои он аст, ки имон танҳо бо он комил мегардад:
Ба монанди илми шинохти Аллоҳ, Ӯро ҳамчун Парвардигор, Молик (Соҳиб) Мудаббир (ба танзим дароварандаи умур)-е ки дар парвардигории Ӯ ягон шарике нест. Ҳамчунин илми шинохти Аллоҳ, ки Ӯ ба тамоми сифатҳои бузургу камол мафсуф аст ва аз ҳамаи айбу нуқсон пок аст. Имон овардан ба номҳою сифатони Ӯ, бидуни таҳриф, таъвил, таътил ва ташбеҳ. Имон овардан ба улуҳияти Аллоҳ, ки Ӯ бегумон маъбуди барҳақ аст. Ҳама намуди ибодатҳоро танҳо барои Ӯ, ки ягон шарике надорад, анҷом додан ва ягон намуд ибодатро барои ғайри Ӯ иҷро накардан.
Шинохти Расули Ӯ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) бо имон овардан ба паёмбарӣ ва охирон паёмбар будани ӯ, тасдиқ намудани хабарҳои ӯ, итоати фармудаҳои ӯ, дур шудан аз ҳар чизе, ки манъ намудаву сарзаниш кардааст ва Аллоҳ таъоло танҳо мувофиқи шариъати ӯ ибодат карда шавад.
Шинохти дини Ислом, яъне шинохтани асосҳои қатъии Ислом, ҳалоли қатъӣ ва ҳароми қатъӣ, ки дар назди уламо бо номи "заруриётҳои дин" машҳур мебошад, ба монанди фарз будани намоз, закот ва ғайра. Ҳамчунин донистани ҳаром будани ширк, ранҷонидани падару модар, зино, порахурӣ ва ғайра.
Илова бар ин, донистани ҳама он чизҳое, ки дурустии ибодат ба он вобастагӣ дорад, ба монанди аҳкоми намозхонӣ, бо донистани аркону шартҳо ва воҷиботу фасодкунандаҳои он ва ҳамчунин донистани он чизе, ки ба намоз вобастагӣ дорад, ба монанди аҳкоми таҳорат ва ғайра. Ҳамчунин донистани ҳар амале аз аҳкоми дин, ки иҷро намудани он бар ту воҷиб аст.
Донистани ҳукми муомилае, ки онро анҷом медиҳӣ, аз ҷиҳати ҷоиз будан ё набудан, шартҳои дурустии он ва дар кадом ҳолат хилофи шаръӣ будани он, ба монанди донистани аҳкоми никоҳ барои шахсе, ки нияти издивоҷро дорад ва аҳкоми шарикӣ барои шахсе, ки нияти бо ягон кас шарик шуданро дорад ва дигар намуд муомилаҳо.
Пас дар ҳамаи инҳо, бар ту зарур аст, ки бояд бидонӣ, ки чигуна Аллоҳро мувофиқи шариъат ибодат намоӣ ва чигуна муомилаҳоятро бар ваҷҳи саҳеҳ бидуни мухолифат бо шариъат ба роҳ меандозӣ.
Ба ҷуз илмҳои зикршуда донистани дигар илмҳо фарзи кифоя мебошад, агар гурӯҳе онро аз худ карда бошанд, гуноҳ аз дигарон соқит мегардад.
Ниг: Китоби "Ал-Илм"-и Шайх Ибни Усаймин (саҳ 23).
Омӯхтани илмҳои зарурӣ осонтар аз он чизе, ки ту гумон мекунӣ, зеро онҳо ҳамаи он чизҳое мебошанд, ки мусулмон дар ҳаёти ҳаррӯзааш ба он эҳтиёҷ дорад, аз қабили аҳкоми таҳорат, намоз, рӯза, закот ва ғайра. Пеш аз инҳо, омӯхтани он чизе, ки барои дуруст кардани ақида ва имон эҳтиёҷ дорад, омӯхтани ҳамаи он кори осон аст. Ҳамаи инро метавон бо хондани китобҳои хурду осон ё гӯш кардани дарсҳои уламои боэътимод, дар вақти кӯтоҳ ва бо хароҷоти кам ба даст овардан мумкин аст.
Сипас агар ба маълумоти муфассалтар мӯҳтоҷ гардад, метавонад ба аҳкоми муомалот ва амсоли он илмҳое, ки ба он дар асл эҳтиёҷи зиёд надорад, муроҷиат намояд. Инчунин дар ҳар коре, ки ба он дучор мешавад ва ё барои ӯ муҳим аст, пеш аз амал намудан, бояд аз уламо онро бипурсад. Аллоҳ таъоло бандагонашро роҳнамоӣ карда мефармояд:
فَاسْأَلُوا أَهْلَ الذِّكْرِ إِنْ كُنْتُمْ لَا تَعْلَمُونَ (سورة الأنبياء: 7).
«Пас агар намедонед, аз аҳли илм бипурсед». (Сураи Анбиё: 7).
Илова бар ин, ҳар шахсе, ки Аллоҳ бар ӯ қудрати фаҳмишу илм додааст, ҳар вақте ки фурсати муносиб пайдо кард ва зуруфу ҳолатҳои ӯ барояш имкон доданд, мувофиқи тоқату ҳимматаш, дастони худро бар зада баҳри зиёд кардани илми шаръии худ кӯшиш намояд. Аз ин рӯ, ин яке аз баландтарин ибодат ва бузургтарин тоат ба ҳисоб меравад, ҳар гоҳ мақсаду нияти инсон холис бошад.
Аз Аллоҳ таъоло хоҳиш дорем, ки ҳамаи моро бар он чизе, ки дар он хайру саодати дунёву охират вуҷуд дорад, муваффақ гардонад.
Аллоҳ таъоло донотар аст.
Барои дарёфти маълумоти бештар ба саволи рақами (76010 ) руҷӯъ карда шавад.