Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.
Оё озод кардани асирони мусалмон аз моли закот ба ояти зерин дохил аст: «Ва барои озод кардани бандагон»?
Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Озод кардани асирони мусалмон аз дасти кофирон беҳтар аз озод кардани ғуломон аст. Бинобар ин, аз боби авло ба он дохил мешавад, зеро онҳо аз сабаби ҷудоӣ аз хонаводаашон, зиллат, хорӣ ва шиканҷа ба зарари бузурге гирифтор шудаанд. Пас озод кардани онҳо беҳтар аз озод кардани ғуломон аст.