Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.
Оё бисёр рӯза гирифтан дар моҳи Муҳаррам суннат аст? Оё ин моҳ аз дигар моҳҳо фазлу бартарие дорад?
Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Моҳи Муҳаррам аввалин моҳе аз моҳҳои Арабӣ ва яке аз чаҳор моҳҳои ҳаром аст.
Аллоҳ таъоло фармудааст:
إِنَّ عِدَّةَ الشُّهُورِ عِنْدَ اللَّهِ اثْنَا عَشَرَ شَهْرًا فِي كِتَابِ اللَّهِ يَوْمَ خَلَقَ السَّمَوَاتِ وَالْأَرْضَ مِنْهَا أَرْبَعَةٌ حُرُمٌ ذَلِكَ الدِّينُ الْقَيِّمُ فَلَا تَظْلِمُوا فِيهِنَّ أَنْفُسَكُمْ
سورة التوبة: ٣٦
Ҳамоно шумораи моҳҳо назди Аллоҳ таъоло аз он рӯзе, ки осмонҳо ва заминро офарид, дар китоби Аллоҳ таъоло дувоздаҳ моҳ аст. Аз ин (дувоздаҳ моҳ) чаҳор моҳ ҳаром аст. Ин дини дурусту устувор аст. Пас, дар ин (чаҳор моҳ) бар худ зулм накунед. (Сураи Тавба: 36).
Бухорӣ (3167) ва Муслим (1679) аз Абубакра (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ривоят кардаанд, ки фармудааст: "Замона ба монанди рӯзе, ки Аллоҳ таъоло осмонҳову заминро офарид, давр зад. Сол дувоздаҳ моҳ аст, ки чаҳор моҳи он моҳҳои ҳаром аст, се моҳ пайдарпай, ки Зулқаъда, Зулҳиҷҷа ва Муҳаррам аст ва Раҷаби Музар, ки байни моҳҳои Ҷумодо ва Шаъбон аст".
Аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) собит шудааст, ки беҳтарин рӯза баъд аз Рамазон, рӯзаи моҳи Муҳаррам аст.
Аз Абуҳурайра (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят шудааст, ки гуфт: Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: "Беҳтарин рӯза баъд аз Рамазон, рӯзаи моҳи Аллоҳ, Муҳаррам мебошад ва беҳтарин намоз баъд аз намози фариза намози шаб мебошад". Ривояти Муслим (1163).
Дар ҳадис омадааст: (Моҳи Аллоҳ). Нисбат додани моҳ ба Аллоҳ аз рӯи бузургдошт аст.
Қорӣ гуфтааст: Зоҳиран мақсад аз он ҳамаи (рӯзҳои) моҳи Муҳаррам аст.
Вале собит шудааст, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ҳеҷ моҳеро ба ғайри Рамазон пурра рӯза нагирифтааст. Аз ин хотир, ин ҳадис бар тарғиби зиёд рӯза гирифтан дар моҳи Муҳаррам ҳамл карда мешавад, на ба рӯза гирифтани ҳамаи (рӯзҳои) он.
Аллоҳ донотар аст.