Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.
Яке аз ҳамсинфонам, ки масеҳӣ аст, дар парвариши хук кор мекард, ӯ ба ман гуфт, ки гӯшту устухони хук дар таркиби маҳсулоти баъзе ҳанутҳое, ки ба мусулмонон фурӯхта мешаванд, вуҷуд дорад вале (дар он навишта мешавад, ки) дар таркиби он гӯшти гов вуҷуд дорад. Оё бар ман воҷиб аст, ки ба бародарони мусулмоне, ки ин маҳсулотро мефурӯшанд, хабар бидиҳам, то ки фавран аз фурӯши ин маҳсулот даст бикашанд?
Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Ҳар гоҳ онро худ ё бо шаҳодати шахсони боэътимод таъкид кунӣ, пас бояд мусулмононро аз ин ғизоҳо барҳазар намоӣ. Зеро Аллоҳ таъоло фармудааст:
وَتَعَاوَنُوا عَلَى الْبِرِّ وَالتَّقْوَى وَلا تَعَاوَنُوا عَلَى الأِثْمِ وَالْعُدْوَانِ وَٱتَّقُواْ ٱللهَ إِنَّ ٱللهَ شَدِيدُ ٱلعِقَابِ المائدة /2.
«Ва ҳамдигарро дар некӯкориву парҳезгорӣ кӯмак кунед ва ҳамдигарро дар гуноҳу таҷовуз кӯмак накунед ва аз Аллоҳ битарсед, ҳароина Аллоҳ сахткайфар аст». (Сураи Моида: 2).
Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: «Дин насиҳат аст». Гуфтем: Барои кист? Гуфт: «Барои Аллоҳ, барои китоби Ӯ, барои паёмбари Ӯ, барои пешвоёни мусулмонон ва барои оммаи онҳо». Ривояти Муслим (55).
Аввалан тоҷирони мусулмонро ки ин ғизоҳоро мефурӯшанд, бим намо. Агар напазируфтанд, пас ҳамаи мусулмононро бим намо.
Ба ҷавоби саволи рақами (173194) руҷӯъ карда шавад.
Бароят ҷоиз нест, ки амреро ки дурустии онро худ намедонӣ, паҳн намоӣ. Бо ин корат, мусулмонеро бар зиёни молӣ гирифтор мекунӣ ва ё мардумро дар шакку шубҳа дар дин қарор медиҳӣ.
Ба ҷавоби саволи рақами (14212) руҷӯъ карда шавад.
Аллоҳ донотар аст.