Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.
Эълони лавозимоти хонагӣ дар шабакаҳое, ки филмҳову сериалҳоро намоиш медиҳанд, ки фасодро дар ҷомеа паҳн мекунанд, чӣ ҳукм дорад? Ман гумон мекунам, ки эълон гузоштан дар ин гуна шабакаҳо, ширкат варзидан дар нашри фасод дар ҷомеа мебошад, хусусан агар эълон тавассути духтар анҷом дода шавад. Шарикам дар ширкат маро дар ин кор таҳти фишор қарор медиҳад. Дар ин бора байни мо хилофе вуҷуд дорад. Оё ман дар ҳақ ҳастам? Ё ин парҳезгории бе маврид аст? Ва бароям гуноҳе навишта намешавад? Ногуфта намонад, ки мо бисёр равишҳои дигари бозорёбиро истифода бурдаем.
Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Аввалан:
Агар ҳадафи ин шабакаҳои моҳвора паҳн кардани фасод дар ҷомеаҳои исломӣ, фикрҳои каҷ ё ақидаҳои ботил бошад, пас бо ягон намуди кӯмак ба онҳо ёрӣ расонидан ҷоиз нест.
Шакке нест, ки эълонҳои тиҷоратӣ яке аз барҷастатарин шохаҳои ин шабакаҳо, ба монанди шоҳраг буда, рукни асосии кори онҳо мебошад.
Аммо сиёсат ва равиши шабакаҳои моҳворавии умумӣ, ба монанди баъзе шабакаҳои хабарӣ, тиббӣ, фарҳангӣ ва амсоли онҳо, фасод ва ғарбпараст кардани ҷомеа нест. Эълон дар он шабакаҳо ҳеҷ боке надорад, гарчанде ки ин шабакаҳо баъзе чизҳои мункарро, ки одатан дар кӯчаҳои мусулмонон вуҷуд дорад, пахш кунанд.
Сониян:
Барои ҷоиз будани эълон бояд ду шарти муҳим иҷро карда шавад:
Аввал: Маҳсулот чизи мубоҳ буда, аз ҳама гуна чизҳои ҳаром дур бошад.
Дуввум: Эълон тибқи қоидаҳои шариат ба тартиб дароварда шавад. Нисбати зан беэҳтиромӣ карда нашавад ва ӯро дар таблиғи мол истифода набаранд. Дар васфи маҳсулот дурӯғ ё тақаллуб истифода нашавад.
Шукри Аллоҳ, пӯшида нест, ки ба тартиб даровардани эълон бо ин ду шарт имконпазир аст. Аз ин хотир, шумо бояд ба ширкати тавлидкунанда шарт гузоред, ки идеяи пешрафтае, ки аз амалҳои мункар холӣ аст, эҷод кунад.
Ба ҷавоби саволи (7834) руҷӯъ карда шавад.
Мо ба шумо тавсия медиҳем, ки дар ҳама ҳолатҳо кӯшиш намуда эълонҳои худро дар шабакаҳои риоякунанда (1) ё ҳадди аққал дар шабакаҳои муҳофизакор (2) гузоред, то дар комил кардани роҳи мақсадноку бошууронаи онҳо кӯмак расонед ва музде, ки шумо пардохт мекунед, сабаби пурқувват шудани ин шабакаҳо ва афзоиши паҳншавии онҳо мегардад.
Аллоҳ донотар аст.
________________________________________
(1). Шабакаҳои риоякунанда: Шабакаҳоест, ки дар нашри барномаҳои худ тамоми фармудаҳои Аллоҳро риоя намуда, ба суннатҳои паёмбар пайравӣ менамоянд ва ба қадри тавоноӣ аз тамоми гуноҳони зоҳирию ботинӣ дур мешаванд ва агар аз онҳо хатое рух диҳад, дарҳол пушаймон шуда, тавба мекунанд.
(2). Шабакаҳои муҳофизакор: Шабакаҳоест, ки дар нашри барномаҳои худ фарзҳову воҷибҳоро риоя намуда, аз гуноҳони кабира ва ҳаромҳо дурӣ меварзанд, вале дар суннатҳову мустаҳабҳо кӯтоҳӣ мекунанд.