Support IslamQA

Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.

Пӯшидани сар дар ҳангоми намоз

06-09-2023

Савол 2436

Оё пӯшидани кулоҳ ё сарпӯш дар намоз суннат аст?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Аллоҳ таъоло фармудааст:

يَا بَنِي آدَمَ خُذُوا زِينَتَكُمْ عِندَ كُلِّ مَسْجِدٍ 

سورة الأعراف: ٣١

«Эй фарзандони Одам, (ҳангоми ҳар намоз ва) дар ҳар масҷиде зинати худро бигиред». (Яъне ҳангоми намоз ва анҷоми ибодат либосҳои зебо ва покиза бипӯшед).   (Сураи Аъроф: 31).

Агар пӯшидани сар дар урфу одати мардуми он кишвар аз ҷумлаи гирифтани зинат бошад, пас дар ин ҳолат, пӯшидани сар машрӯъ аст. Агар (пӯшидани он дар урфу одати мардуми он кишвар) аз ҷумлаи гирифтани зинат набошад, дар ин ҳолат, пӯшидани он машрӯъ нест.

Аллоҳ донотар аст.

Суннатҳои намоз
Намоиш дар сомонаи Ислом савол ва ҷавоб