Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.
Дар шаҳрамон Хон-Юнус, мо тавассути нерӯҳои исроилӣ муҳосира шудаем ва тамоми роҳҳои мо баста шудаанд. Занон оиди шавҳарони худ чизе намедонанд. Пас он занон закоти Фитрро чӣ гуна бипардозад?
Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Агар тавони пардохти закоти Фитрро надошта бошад, Аллоҳ таъоло узри ӯро мепазирад. Пас аз он ки Аллоҳ ӯро (аз боздошт) раҳо кард ва ба назди хонаводааш баргардад, бояд қазои онро анҷом бидиҳад. (Яъне пас аз раҳоӣ аз боздошт закоти Фитрро медиҳад).
فَاتَّقُوا اللهَ مَا اسْتَطَعْتُمْ
سورة التغابن: ١٦
لَا يُكَلِّفُ اللهُ نَفْسًا إِلَّا وُسْعَهَا
سورة البقرة: ٢٨٦
«Аллоҳ ҳеҷ касро ҷуз ба андозаи тоқаташ мукаллаф (ӯҳдадор) намесозад». (Сураи Бақара: 286).
Агар зан аз номи худ ва фарзандонаш закоти Фитр бидиҳад, аҷру савоб мегирад. Аммо агар танҳо аз номи худ закоти Фитр дода тавонад, танҳо ҳамон бар ӯ воҷиб аст.
Агар зан битавонад телефонӣ бо шавхараш сӯҳбат кунад ва аз ӯ ваколате барои пардохти закот бигирад ва дар хона барои додани ин закот аз номи шавҳар ва хонаводаи ӯ чизҳое вуҷуд дошта бошад, пас ӯ дар ин ҳолат, баъд аз иҷозати шавҳар, аз номи онҳо закоти Фитр медиҳад.
Аз Аллоҳ таъоло хоҳонем, ки ин мусибатро бартараф кунад, ин шавҳаронро сиҳату саломат баргардонад, Ислому мусулмононро пирӯз кунад ва яҳудиёни кофарро расво созад.
Дуруди Аллоҳ ба паёмбарамон Муҳаммад бод.