Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.
Дар баъзе китобҳо дуоеро хондам, ки “Канзу-л-арш” (ганҷи Арш) ном дорад. Он дуо чунин аст:
“لا إله إلا الله سبحان الملك القدوس ، لا إله إلا الله سبحان العزيز الجبار ، لا إله إلا الله سبحان الرءوف الرحيم ، … “.
“Ло илоҳа иллаллоҳу субҳона-л-малики-л-қуддус. Ло илоҳа иллаллоҳу субҳона-л-ъазизи-л-ҷаббор. Ло илоҳа иллаллоҳу субҳона-р-рауфи-р-рахим…..”.
Оё ин дуои машҳур аст ва чӣ фазилате дорад?
Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Ин дуо дар китобҳои суннат маълум нест. (Яъне ин дуо дар китобҳои ҳадис вуҷуд надорад). Ба эҳтимоли зиёд ин дуоро бархе аз сӯфиён ихтироъ намудаанд ва онро “аврод” меноманд, ки иборат аст аз маҷмӯаи дуоҳо ва калимоте, ки барои муридон ҷамъоварӣ мешавад, то онҳоро дар вақтҳои муайян, бо тарзу равиши мушаххас ва бо шумораи муайяне бихонанд.
Бешубҳа пайравӣ намудани онҳо дар он авроде, ки бофтаанд, ҷоиз нест. “Дуо ибодат аст”, чунон ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст. Асос дар ибодатҳо таваққуф намудан бар далелҳоест, ки дар Шариъат омадааст. (Яъне ибодатҳо тавқифӣ мебошанд. Танҳо аз Қуръону ҳадис гирифта мешаванд. Ҳеҷ кас ҳақ надорад, бидуни далел аз назди худ ибодатеро эҷод кунад).
Шайхулислом Ибни Таймия (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:
Бешак, зикрҳову дуоҳо аз беҳтарин ибодатҳост. Асос дар ибодат тавқиф ва ва иттибоъ аст, на ҳавову ҳавас ва навоварӣ. Дуоҳову зикрҳои паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) беҳтарин чизест, ки ҷӯяндаи зикру дуо ба даст меорад. Касе, ки танҳо ба он (зикрҳову дуоҳои паёмбар) пойбанд бошад, пас ӯ дар роҳи эминиву амният аст. Фоидаҳову натиҷаҳое, ки аз он ба даст меоянд, забон аз васфи он оҷиз аст ва ҳеҷ касе онро иҳотаву дарк карда наметавонад. Аммо зикрҳои дигар мумкин аст ҳаром бошад ё макрӯҳ ва ё метавонад дар он ширк вуҷуд дошта бошад, ки аксари мардум онро дарк намекунанд ва ин ҷумлаест, ки шарҳи муфассали он хеле тӯлонӣ хоҳад буд.
Ҳеҷ кас ҳақ надорад, ки ҳар гуна зикр ва дуоеро, ки дар суннат наомадааст, барои мардум муқаррар кунад ва онро ибодате гардонад, ки мардум ба таври доимӣ анҷом бидиҳанд, ҳамчуноне ки намози панҷвақтаро ба таври доимӣ адо мекунанд. Балки ин эҷод кардани динест, ки Аллоҳ ба он иҷоза надодааст… Аммо пойбандӣ ба вирди ғайри шаръӣ ва муқаррар намудани зикри ғайри шаръӣ аз амалҳоест, ки мамнӯъ мебошад. Ва бар замми ин, дуоҳову зикрҳои шаръӣ ин ҳадафи талабҳои саҳеҳ ва анҷоми аҳдофи олӣ аст. Ва он дуоҳову азкори шаръиро як сӯ гузошта, ба зикрҳои нав эҷодшудаи бидъат рӯй намеоварад, ба ҷуз шахси ҷоҳил ё саҳлангор ё таҷовузкор. Поёни сухан.
“Маҷмуъу-л-фатво” (22/510-511).
Аллоҳ донотар аст.