Support IslamQA

Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.

Чаро мусулмонон рӯза медоранд?

24-04-2020

Савол 38064

Ман дар Бритониё зиндагӣ мекунам. Ғайримусулмонон аз ман бисёр мепурсанд, ки чаро мусулмонон рӯза медоранд. Ман ба онҳо чӣ гӯям?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Аввал:

Мо, мусулмонон дар моҳи Рамазон рӯза медорем, чунки Аллоҳ таъоло моро ба он амр кардааст. Чуноне ки Аллоҳ таъоло мефармояд:

 يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا كُتِبَ عَلَيْكُمُ الصِّيَامُ كَمَا كُتِبَ عَلَى الَّذِينَ مِنْ قَبْلِكُمْ لَعَلَّكُمْ تَتَّقُونَ

  البقرة/183.

"Эй касоне, имон овардаед, рӯза бар шумо фарз шудааст, ҳамчунон ки бар касоне, ки пеш аз шумо будаанд, фарз шуда буд, то парҳезгор шавед".   (Сураи Бақара: 183).

Пас мо бо ин ибодате, ки Аллоҳ онро дӯст медорад ва ба он амр кардааст, Аллоҳ таъолоро мепарастем.

Мӯъмин бо ояти зерин амал намуда, ба адо намудани амри Аллоҳ таъоло ва паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) шитоб мекунад:

 إِنَّمَا كَانَ قَوْلَ الْمُؤْمِنِينَ إِذَا دُعُوا إِلَى اللَّهِ وَرَسُولِهِ لِيَحْكُمَ بَيْنَهُمْ أَنْ يَقُولُوا سَمِعْنَا وَأَطَعْنَا وَأُولَئِكَ هُمُ الْمُفْلِحُونَ

  النور/51.

"Чун мӯъминонро ба Аллоҳ ва паёмбараш даъват кунанд, то миёнашон ҳукм кунад, суханашон ғайри ин нест, ки мегӯянд: "Шунидем ва итоат кардем", инҳо наҷотёфтагонанд".   (Сураи Нур: 51).

Аллоҳ таъоло фармудааст:

 وَمَا كَانَ لِمُؤْمِنٍ وَلا مُؤْمِنَةٍ إِذَا قَضَى اللَّهُ وَرَسُولُهُ أَمْراً أَنْ يَكُونَ لَهُمُ الْخِيَرَةُ مِنْ أَمْرِهِمْ وَمَنْ يَعْصِ اللَّهَ وَرَسُولَهُ فَقَدْ ضَلَّ ضَلالاً مُبِيناً

 الأحزاب /36

"Барои ҳеҷ мард ва зани мӯъмине шоиста нест, ки чун Аллоҳу расулаш ба коре фармон диҳанд, дар иҷрои он фармон ихтиёре дошта бошанд ва ҳар ки аз Аллоҳу расулаш нофармонӣ кунад, ба таҳқиқ дар гумроҳии ошкоре гирифтор шудааст".   (Сураи Аҳзоб: 36).

Дуввум:

"Яке аз ҳикматҳои Аллоҳ ин аст, ки Аллоҳ таъоло ибодатҳоро гуногун кардааст, то бандагонашро имтиҳон намояд, ки ба ҳар як намуди ибодатҳо чӣ гуна фармонбардорӣ хоҳанд кард. Оё  танҳо агар мувофиқи табъаш бошад, ба он фармонбардорӣ мекунад ва онро қабул менамояд, ё ба ҳар он чи ки дар он розигии Аллоҳ аст, фармонбардорӣ мекунад? Агар ба ибодатҳои панҷгона, шаҳодат ва намозу рӯза ва закоту ҳаҷ тааммул намоем, дармеёбем, ки баъзе аз он ибодатҳо, танҳо ҷисмонӣ аст ва баъзеи дигари он фақат молӣ аст ва баъзе аз он, аз якчанд чиз иборат аст, то шахси бахил аз саховатманд  ҷудо шавад. Шояд барои баъзе аз мардумон ҳазор ракъат намоз хондан аз як дирҳам сарф кардан осонтар бошад. Шояд барои баъзе аз мардумони дигар ҳазор дирҳам сарф кардан аз як ракъат намоз хондан осонтар бошад.

Аз ин хотир, шариат тақсимот ва намудҳои гунонгуни ибодатро муқаррар кардааст, то муайян шавад, ки чӣ касе холис ба хотири Аллоҳ амал мекунад ва чӣ касе мувофиқи ҳавову ҳаваси худ.

Масалан намоз як ибодати комилан ҷисмонӣ аст, вале муқаддамоти он баъзе хароҷотро талаб мекунад, ба монанди об барои вузӯ ё либос барои пӯшидани аврат, ки инҳо асоси ибодат намебошанд.

Закот комилан ибодати молӣ аст ва ҳар он амалҳои ҷисмонӣ, ки барои амалӣ кардани он зарур аст, ба монанди ҳисоб кардани мол ва интиқол додани закот ба камбағалону ниёзмандон, тобеи он аст, вале асоси ибодат намебошад.

Ҳаҷ ибодати молӣ ва ҳам ҷисмонӣ аст, ба истиснои мардуми Макка, мумкин аст, ки (барои адои ҳаҷ) ба мол ниёз паёдо накунанд, вале он хеле кам ва аҳёнан ба иттифоқ меафтад, ё ин ки хароҷоти онҳо дар муқоиса бо касоне, ки дар Макка зиндагӣ намекунанд, камтар аст.

Ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ низ ибодати молӣ ва ҷисмонӣ аст. Гоҳо мол ва гоҳо ҷисмро талаб менамояд.

Таклиф (масъулият ва амрҳои Аллоҳ таъоло) ба ду қисм тақсим мешаванд: Худдорӣ аз чизҳои дӯст дошташуда, хароҷоти чизҳои дӯст дошташуда. Ин низ қисме аз таклиф аст.

Мисоли худдорӣ аз чизҳои дӯст дошташуда, рӯза аст. Мисоли хароҷоти чизҳои дӯст дошташуда, закот аст, зеро нафс молро дӯст медорад ва моли дӯст дошташударо  танҳо ба хотири чизе сарф мекунад, ки аз он ҳам маҳбубтар бошад.

Инчунин худдорӣ аз чизҳои дӯст дошташуда. Гоҳо барои шахс осон аст, ки ҳазор дирҳам нафақа намояд, аммо як рӯз рӯза нагирад ё баръакс". Поёни сухан. Ин суханонро Шайх Ибни Усаймин дар китоби "Ашшарҳу-л-мумтиъ" (6/190) гуфтааст.

Саввум:

Дар машрӯияти рӯза ҳикматҳои бузургест, ки баъзеи он дар ҷавоби саволи рақами (26862) зикр шудаанд.

Аз Шайх Ибни Усаймин ҳикмати фарз шудани рӯзаро пурсиданд.

Дар ҷавоб гуфт:

Агар ояти зеринро бихонем:

يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا كُتِبَ عَلَيْكُمُ الصِّيَامُ كَمَا كُتِبَ عَلَى الَّذِينَ مِنْ قَبْلِكُمْ لَعَلَّكُمْ تَتَّقُونَ

  البقرة/183.

"Эй касоне, имон овардаед, рӯза бар шумо фарз шудааст, ҳамчунон ки бар касоне, ки пеш аз шумо будаанд, фарз шуда буд, то парҳезгор шавед".   (Сураи Бақара: 183), дармеёбем, ки ҳикмат аз фарз шудани рӯза чист. Ҳикмат аз он тақвову парҳезгорӣ ва ибодати Аллоҳ таъоло аст. Тақво тарк кардани ҳаромҳо буда, ҳангоми умумӣ зикр шудан, анҷом додани амрҳо ва тарк кардани манъ шудаҳоро дарбар мегирад. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: "Ҳар касе сухани дурӯғ ва амал бо он ва ҷаҳолатро тарк накунад, Аллоҳ ба тарки хӯрдану нӯшидани ӯ, ҳеҷ ниёзе надорад".   Ривояти Бухорӣ (6057).

Лутфан ба саволи рақами (37658) ва (37989) нигаред.

Аз ин рӯ, бар рӯзадор таъкид мешавад, ки воҷибҳоро адо намояд ва аз суханҳову амалҳои ҳаром дурӣ ҷӯяд, мардумро ғайбат накунад, дурӯғ нагӯяд, суханчинӣ накунад, моли ҳаром нафурӯшад ва аз тамоми ҳаромҳо дур шавад. Агар инсон чунин амалҳоро дар моҳи Рамазон пурра адо намояд, нафси ӯ дар давоми сол низ дар ин роҳ устувор боқӣ хоҳад монд. Вале мутаассифона, бисёре аз рӯзадорон байни рӯзҳои рӯзадорӣ ва ғайри он фарқе намегузоранд. Чун одат воҷибҳоро тарк мекунанд ва ба ҳаром даст мезананд. Эҳсос намекунӣ, ки онҳо вақору тамкини рӯзаро доранд. Чунин амалҳо рӯзаро ботил намекунад, вале савоби онро кам мекунад ва шояд ҳангоми муқойиса чунин амалҳо аз аҷри рӯза вазнинтар баромада, савоби онро барбод намояд. Поёни сухан.

 "Фатово аркони-л-ислом" (саҳ: 451).

Воҷибияти рӯза ва фазилати он
Намоиш дар сомонаи Ислом савол ва ҷавоб