Support IslamQA

Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.

Сифатҳои ҳиҷоби дуруст

08-03-2021

Савол 6991

Сифатҳои зарурии ҳиҷоби исломӣ кадомҳоянд? Зеро намудҳои гуногуни ҳиҷоб вуҷуд дорад. Ман як дугонае аз Донморк (Дания) дорам, ки ба наздикӣ мусулмон шудааст ва аз ислом оварданаш шод аст (Алҳамду лиллоҳ) ва мехоҳад ҳиҷоб бипӯшад.

Хоҳиш менамоям, ки моро ба китобҳое раҳнамоӣ кунед, ки дар онҷо омадааст, ки бояд ҳиҷоб чодари дароз бошад. Ӯ ба ҷавоби шумо сахт ниёз дорад.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Шайх Албонӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:

Шартҳои ҳиҷоб инҳоянд:

Аввал: (Пӯшонидани тамоми бадан, ба ҷуз ҷойҳое ки истисно шудааст).

Ва далели он сухани Аллоҳ таъоло аст, ки мефармояд:

 يَا أَيُّهَا النَّبِيُّ قُلْ لأَزْوَاجِكَ وَبَنَاتِكَ وَنِسَاءِ الْمُؤْمِنِينَ يُدْنِينَ عَلَيْهِنَّ مِنْ جَلابِيبِهِنَّ ذَلِكَ أَدْنَى أَنْ يُعْرَفْنَ فَلا يُؤْذَيْنَ وَكَانَ اللَّهُ غَفُوراً رَحِيماً    الأحزاب/59

«Эй пайғамбар, ба занони худ ва духтарони худ ва занони мӯъминон бигӯ, ки чодарҳои худро бар худ фурӯ гузоранд. Ин ба он наздиктар аст, ки шинохта шаванд ва азият дода нашаванд. Ва Аллоҳ омурзандаи меҳрубон аст».   (Сураи Аҳзоб: 59).

Дар ояти аввал далели равшан бар воҷиб будани пӯшидани тамоми ороишот ва зоҳир накардани чизе аз он дар назди бегонагон, магар дар ҳолате, ки аз рӯи нофаҳмӣ намоён шавад, ки агар фавран онро пӯшонанд, дар ин ҳолат гуноҳе намегиранд. 

Ҳофиз Ибни Касир дар тафсири худ гуфтааст:

Яъне: Чизе аз зинату ороиши худро барои бегонагон намоён накунанд, магар он чизҳое, ки пинҳон карданаш номумкин аст. Ибни Масъуд фармудааст:  Ба монанди ридо (либоси болопӯш) ва либос, яъне он чи, ки занони Араб истифода мебурданд, ба монанди чодаре, ки бо он либоси худро мепӯшониданд, вале поёни либос намоён мешуд. Дар ин амр ишколе вуҷуд надорад, зеро пинҳон кардани он номумкин аст.

Дуввум: (Бояд ҳиҷоб худаш зинат набошад).

Зеро Аллоҳ таъоло фармудааст:

وَلا يُبْدِينَ زِينَتَهُنَّ     النور/31

«Ва зинати худро намоён насозанд». Ин оят ҳамаи либосҳои намоёнеро, ки агар ороишшуда бошаду, диққати мардонро ҷалб намояд, дарбар мегирад. Ояти зерин ба он далолат мекунад:

وَقَرْنَ فِي بُيُوتِكُنَّ وَلَا تَبَرَّجْنَ تَبَرُّجَ الْجَاهِلِيَّةِ الْأُولَىٰ    سورة الأحزاب:33

«Ва дар хонаҳои худ қарор гиред ва ҳамчун ҷоҳилияти пешин зинатҳои худро ошкор накунед». (Яъне: Ба монанди занони замони ҷоҳилият дар миёни мардум зоҳир нашавед ва худнамоӣ накунед ва қисмате аз бадани худро намоён карда, бо зару зевар ороста, ба назди мардони бегона набароед).   (Сураи Аҳзоб: 33).

Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Оиди се нафар мапурс: Марде, ки аз ҷамоати мусулмонон ҷудо шуда, имомашро нофармонӣ карда, дар ҳоли исён мурдааст ва каниз ё ғуломе, ки аз хоҷаи худ гурехта, дар ҳамин ҳолат вафот кардааст ва зане, ки дар ҳоли набудани шавҳараш, бо вуҷуди он ки тамоми ҳоҷатҳои дунявиашро муҳайё кардааст, худро ороиш дода дар хориҷ ба намоиш гузоштааст. Оиди онҳо мапурс».   Ҳоким (1/119) ва Аҳмад (6/19) аз Фазола ибни Убайд ривоят кардаанд. Санади ин ҳадис саҳеҳ аст. Ва инчунин  дар китоби "Адабу-л-муфрад" омадааст.

Саввум: (Бояд ҳиҷоб аз матои ғализ бошад, ки баданро намоён насозад).

Зеро сатри аврат танҳо дар ҳамин сурат ба ҷо оварда мешавад, аммо матои шаффоф ороиши занро бештар ва фитнаро бузургтар менамояд. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар ин бора фармудааст: «Дар охири умматам заноне меоянд, ки пӯшидаи урёнанд, сарҳояшон монанди кӯҳҳои шутур аст. Ононро лаънат кунед, зеро ки лаънатшудагонанд». Дар ривояти дигаре изофа шудааст: «Ба ҷаннат ворид намешаванд ва бӯи ҷаннатро низ намеёбанд, дар ҳоле, ки бӯи ҷаннат дар масофаи чунину чунон эҳсос мешавад».   Муслим аз Абуҳурайра ривоят кардааст.

Ибни Абдулбарр гуфтааст: Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) занонеро дар назар дорад, ки либосҳои сабукеро мепӯшанд, ки баданро намоён менамояд ва онро намепӯшонад. Ин гуна занон ба ном пӯшида ҳастанду, дар ҳақиқат бараҳна мебошанд.   Суютӣ инро дар китоби "Танвиру-л-ҳаволик" (3/103) нақл кардааст.

Чаҳорум: (Ҳиҷоб бояд кушоду васеъ буда, танг набошад ва ягон ҷои баданро васф накунад).

Зеро мақсад аз либос бартараф кардани фитна аст, ки чунин чиз танҳо бо либоси васеъ ва кушод ҳосил мешавад. Аммо либоси танг, гарчанде ранги баданро пӯшонад ҳам, лекин ҳаҷми бадан ва баъзе аз аъзои онро намоён мекунад ва онро дар чашми мардон ба тасвир мекашад, ки дар он фасод ва даъват ба сӯи он аст. Чизе ки аз мо пинҳон нест. Ба ин хотир, воҷиб вст, ки бояд либос васеъ бошад. Усома ибни Зайд гуфтааст: Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) қибтии (куртаи сафеди) ғафсеро ба ман пӯшонид, ки Диҳяи Калбӣ барояш тӯҳфа карда буд. Ман онро ба ҳамсарам пӯшонидам. Сипас паёмбар ба ман гуфт: Ба ту чӣ шудааст, ки он куртаро напӯшидаӣ? Гуфтам: Онро ба ҳамсарам пӯшонидам. Фармуд: Ба ҳамсарат бигӯй, аз зери он зерпӯше ҳам бипӯшад, зеро ман метарсам, ки он либос ҳаҷми устухонҳояшро намудор кунад.   Зиёи Мақдисӣ ин ҳадисро дар китоби "Ал-Аҳодису-л-мухтора" (1/441) ва Аҳмад ва Байҳақӣ бо санади ҳасан ривоят кардаанд.

Панҷум: (Ҳиҷоб бояд атрзадашуда ва хушбуй кардашуда набошад).

Зеро ҳадисҳои зиёде занонро аз хушбӯӣ кардан, ҳангоми берун рафтан аз хона манъ намудааст. Инак баъзе ҳадисҳоеро нақл мекунем, ки бо санади саҳеҳ ривоят шудаанд:

  1. Аз Абумусои Ашъарӣ ривоят аст, ки мегӯяд: Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Ҳар зане, ки худро атру хушбуӣ бизанад ва сипас аз назди гурӯҳе аз мардон гузарад, то аз бӯи он ба машомашон расад, ӯ зинокор аст».
  2. Аз Зайнаби Сақафия ривоят аст, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Агар касе аз шумо (занон) ба сӯи масҷид хориҷ шавад, пас ба атру хушбуӣ наздикӣ накунад».
  3. Аз Абуҳурайра ривоят аст, ки Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Ҳар зане, ки бухуре истифода кардааст, пас бо ҳамроҳи мо дар намози хуфтан иштирок накунад».
  4. Аз Мусо ибни Ясор аз Абуҳурайра ривоят аст, ки мегӯяд: "Зане аз наздаш гузашт, ки бӯи атру хушбӯияш ба машом мерасид. Ба он зан гуфт: Эй бандаи Аллоҳ, қасди масҷид дорӣ? Гуфт: Бале. Гуфт: Барои масҷид худро хушбӯй кардаӣ? Гуфт: Бале. Гуфт: Ин тавр бошад, баргард ва худро бишӯй, зеро ман расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод)-ро шунидаам, ки мегуфт: «Ҳеҷ зане нест, ки ба сӯи масҷид хориҷ шавад ва бӯи хушашро паҳн кунад, то он даме, ки ба хонааш баргашта, худро нашӯяд, Аллоҳ намозашро қабул нахоҳад кард».

Ваҷҳи истидлоли ин ҳадисҳо умум будани он аст, зеро атр ва хушбӯӣ ҳам бар бадан ва ҳам бар либос истифода мешавад. Дар ҳадиси саввум бухур зикр шудааст, ки бештар ба либос истифода мешавад ва махсуси он аст.

Сабаби манъ будани он возеҳу равшан аст, ки он ба ҳаракат овардани шаҳват сабаб мешавад. Донишмандон чизҳои дигареро, ки дар ин маъно вориданд, ба монанди либоси зебо, ороишоте, ки намоён аст, зинати гаронбаҳо ва омехтагӣ бо мардонро ба ин ҳамроҳ кардаанд.   Ниг: "Фатҳу-л-борӣ" (2/279).

Ибни Дақиқ Ал-Ид гуфтааст: Дар ин ҳадис ҳаром будани истифодаи хушбӯӣ бар зане, ки ба масҷид рафтан мехоҳад, баён шудааст, зеро дар он сабаби ба ҳаракат омадани шаҳвати мардон вуҷуд дорад.   Ал-Муновӣ ин суханонро дар "Файзу-л-қадир" дар шарҳи ҳадиси Абуҳурайра нақл кардааст.

Шашум: (Ҳиҷоб бояд ба либоси мардон монанд набошад).

Зеро ҳадисҳои саҳеҳе дар мавриди лаънату нафрини зане, ки худро дар либоспӯшӣ ё дар дигар амалҳо ба мардон монанд мекунад, омадааст. Ва он ҳадисҳо инҳоянд:

  1. Аз Абуҳурайра ривоят шудааст, ки гуфт: «Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) мардеро, ки либоси занро мепӯшад ва занеро, ки либоси мардро мепӯшад, лаънат кардааст».
  2. Аз Абдуллоҳ ибни Амр ривоят шудааст, ки гуфт: Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод)-ро шунидам, ки мегуфт: «Ҳар зане, ки худро ба мардон монанд кунад, ва ҳар марде, ки худро ба занон монанд созад, аз мо нест».
  3. Аз Ибни Аббос ривоят шудааст, ки гуфт: Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) мардони зансифат ва занони мардсифатро лаънат карда, фармудааст: «Инҳоро аз хонаҳоятон берун кунед». Ибни Аббос мегӯяд: Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фалониро ва Умар фалониро берун кардааст.

Дар лафзи дигаре омадааст: «Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) мардоне, ки худро ба занон монанд мекунанд ва заноне, ки худро ба мардон монанд мекунанд, лаънат кардаанд».

4. Аз Абдуллоҳ ибни Умар ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Се гурӯҳ ба биҳишт ворид намешаванд ва Аллоҳ дар рӯзи қиёмат ба сӯи онон назар намекунад: Оқи волидайн (касе, ки падару модарашро меранҷонад), зани мардсифат, ки худро ба мардон монанд мекунад ва дайюс».

5. Аз Ибни Абумулайка, ки номи ӯ Абдуллоҳ ибни Убайдуллоҳ аст, ривоят шудааст, ки мегӯяд: Ба Оиша (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) гуфтанд: Оё зан кафши мардона мепӯшад? Гуфт: «Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) занони мардсифатро лаънат кардааст».

Ин ҳадисҳо далели возеҳанд бар ҳаром будани монанд шудани занон ба мардон ва акси он (яъне мардон ба занон). Ин ҳадисҳо либос ва ҳам чизҳои дигареро дарбар мегиранд, ба ҷуз ҳадиси аввал, ки танҳо либосро дарбар мегирад.

Ҳафтум: (Ҳиҷоб бояд ба либоси занони кофир монанд набошад).

Зеро дар шариат муқаррар шудааст, ки барои мардону занони мусулмон ҷоиз нест, ки худро ба кофирон, дар ибодатҳо, идҳо ва либоси махсусашон монанд кунанд. Дар шариати исломӣ, ин як қоидаи бузургест, ки имрӯзҳо мутаассифона бисёре аз мусулмонон аз он хориҷ шудаанд, ҳатто касоне, ки ба умури дину даъват машғуланд, аз рӯи нодонӣ нисбати дин ё ба сабаби пайравии ҳавою ҳавас ё ба одатҳои асри ҳозира ва тақлиди Аврупои кофир кашида шудаанд, тавре ки ин чизҳо яке аз сабабҳои қафомонӣ ва нотавонии мусулмонон ва қудрат гирифтани бегонагон бар онон ва истеъморашон шудааст: «Ҳамоно Аллоҳ ҳоли ҳеҷ қавмеро тағйир намедиҳад, то он даме, ки онон он чиро ки дар дилҳояшон доранд, тағйир диҳанд». Агар медонистанд.

Бояд дониста шавад, ки далелҳо бар дурусту саҳеҳ будани ин қоидаи муҳим дар Қуръону суннат (ҳадис) зиёданд. Агар чӣ далелҳои Қуръон дар ин бора муҷмал аст, вале суннат (ҳадис) онро тафсир ва баён мекунад, чуноне ки суннат доимо ҳамин тавр аст. (Яъне суннат доимо Қуръонро тафсир ва баён мекунад).

Ҳаштум: (Ҳиҷоб бояд либоси шӯҳрат набошад).

Бар асоси ҳадиси Абдуллоҳ ибни Умар (Аллоҳ аз он ду хушнуд бод), ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Ҳар кӣ дар дунё либоси шӯҳрат бипӯшад, Аллоҳ таъоло дар қиёмат бар ӯ либоси хориву зиллат мепушонад, сипас дар он оташ афканад».

(Либоси шӯҳрат - либосест, ки аз гаронбаҳоӣ сабаби фахру такаббур мешавад ва ё баръакс ба баҳонаи тақвокориву парҳезгорӣ аз ҳад зиёд беарзиш буда, назари мардумро ба худ ҷалб мекунад, инчунин либоси аз урфу одати ҷомеа ғарибу бегона, ки ба сабаби он мавриди гуфтугӯй ва ғайбати мардум мешавад).

Китоби "Ҳиҷобу-л-маръати-л-муслима" (Саҳ: 54-67).

     Аллоҳ донотар аст.

Либоси зан
Намоиш дар сомонаи Ислом савол ва ҷавоб