Support IslamQA

Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.

Фазилатҳои рӯзи Арафа

27-07-2020

Савол 7284

Рӯзи Арафа чӣ фазилатҳое дорад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Аз ҷумлаи фазилатҳои рӯзи Арафа:

1- Ин рӯз, рӯзи мукаммал шудани дин ва комил шудани неъмат аст:

Дар "Саҳиҳ"-и Бухорӣ ва "Саҳиҳ"-и Муслим аз Умар ибни Хаттоб (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят шудааст, ки марде аз яҳудиён ба ӯ гуфт: Эй амири мӯъминон, ояте дар китоби шумост, ки онро мехонед. Агар бар мо яҳудиён нозил мешуд, мо он рӯзро ид қарор медодем. Гуфт: Кадом оят? Гуфт:

 الْيَوْمَ أَكْمَلْتُ لَكُمْ دِينَكُمْ وَأَتْمَمْتُ عَلَيْكُمْ نِعْمَتِي وَرَضِيتُ لَكُمُ الإِسْلاَمَ دِينًا

المائدة: ۳

Имрӯз динатонро комил кардам ва неъмати худро бар шумо тамом намудам ва исломро ҳамчун дин бароятон интихоб намудам.   (Сураи Моида: 3).

Умар гуфт: Он рӯз ва маконеро, ки дар он бар паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) нозил шуд, медонем. Дар ҳоле, ки паёмбар дар Арафа, дар рӯзи ҷумъа истода буд, (ин оят нозил шуд).

2- Ин рӯз, барои касоне, ки дар Арафа қарор доранд, ид аст:

Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: "Рӯзи Арафа, рӯзи Қурбонӣ ва рӯзҳои ташриқ, иди мо мусулмонон аст. Ин рӯзҳо рӯзҳои хӯрдану нӯшидан аст".   Ривояти аҳли сунан.

Аз Умар ибни Хаттоб ривоят аст, ки фармудааст: "Ояти (Имрӯз динатонро комил кардам) дар рӯзи ҷумъа ва рӯзи Арафа, нозил шудааст, ки шукри Аллоҳ ҳарду бароямон ид аст".

3- Ин рӯзест, ки Аллоҳ таъоло ба он қасам ёд кардааст:

Аллоҳи бузург танҳо ба чизи бузург қасам ёд мекунад. Ин рӯз ҳамон рӯзи машҳуд аст, ки Аллоҳ таъоло фармудааст:

 وَشَاهِدٍ وَمَشْهُودٍ

 البروج: ۳

Қасам ба шоҳид ва машҳуд.   (Сураи Буруҷ: 3).

Аз Абуҳурайра (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят шудааст, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: "Рӯзи мавъуд рӯзи қиёмат аст ва рӯзи машҳуд рӯзи Арафа аст ва шоҳид рӯзи ҷумъа аст".   Ривояти Тирмизӣ. Албонӣ ин ҳадисро ҳасан шуморидааст.

Он витре (тоқе) аст, ки Аллоҳ дар ояти зерин ба он қасам ёд кардааст:

 وَٱلشَّفۡعِ وَٱلۡوَتۡرِ

 الفجر: ۳

Қасам ба ҷуфту тоқ.   (Сураи Фаҷр: 3).

Ибни Аббос гуфтааст: Ҷуфт рӯзи иди Азҳо (Қурбон) аст ва тоқ рӯзи Арафа аст. Икрима ва Заҳҳок низ ҳамин гуна гуфтаанд.

4- Рӯзаи ин рӯз гуноҳони ду соларо кафорат мекунад:

Аз Абуқатода (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят аст, ки расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) оиди рӯзаи рӯзи Арафа пурсида шуд. Дар ҷавоб гуфт: "Гуноҳони соли гузашта ва соли ояндаро кафорат мекунад".   Ривояти Муслим.

Ин рӯза танҳо барои ғайри ҳоҷиён мустаҳаб аст. Аммо барои ҳоҷӣ рӯза гирифтани рӯзи Арафа суннат нест. Зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар ҳаҷ онро рӯза нагирифтааст. Аз ӯ ривоят шудааст, ки ӯ аз рӯзаи Арафа дар Арафа манъ кардааст.

5- Ин рӯзест, ки Аллоҳ дар он рӯз аз зурриёти Одам аҳд гирифтаст:

Аз Ибни Аббос (Аллоҳ аз он ду хушнуд бод) ривоят шудааст, ки расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: "Аллоҳ аз пушти Одам дар Наъмон (яъне Арафа) аҳд гирифт ва аз пушти ӯ ҳамаи зурриёташро берун овард ва ба монанди мӯрчаҳо дар баробари худ пароканда сохт, сипас ба онон сухан карда, гуфт:

أَلَسْتُ بِرَبِّكُمْ قَالُوا بَلَى شَهِدْنَا أَنْ تَقُولُوا يَوْمَ الْقِيَامَةِ إِنَّا كُنَّا عَنْ هَذَا غَافِلِينَ * أَوْ تَقُولُوا إِنَّمَا أَشْرَكَ آبَاؤُنَا مِنْ قَبْلُ وَكُنَّا ذُرِّيَّةً مِنْ بَعْدِهِمْ أَفَتُهْلِكُنَا بِمَا فَعَلَ الْمُبْطِلُونَ

 الأعراف :172-173 

Оё ман Парвардигори шумо нестам? Гуфтанд: Оре, гувоҳӣ медиҳем. То дар рӯзи қиёмат нагӯед, ки мо аз он бехабар будем. Ё нагӯед, ки падарони мо пеш аз ин ширк оварда буданд ва мо фарзандоне пас аз онон будем. Оё ба сабаби ончи ботиландешон анҷом додаанд, моро ҳалок мекунӣ?.   (Сураи Аъроф: 172-173).

Аҳмад ин ҳадисро ривоят кардааст. Албонӣ онро саҳеҳ донистааст.

Чӣ рӯзи бузургест ва чӣ аҳди бузургест.

6- Ин рӯз, рӯзи мағфирати гуноҳон ва озодӣ аз дӯзах ва ифтихор ба аҳли Арафот аст:

Дар "Саҳиҳ"-и Муслим аз Оиша (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят шудааст, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: "Ҳеҷ рӯзе нест, ки Аллоҳ дар он рӯз, бештар аз рӯзи Арафа бандаеро аз дӯзах озод кунад ва Ӯ ба онон наздик мешавад, сипас бо онҳо дар назди фариштагон ифтихор мекунад ва мегӯяд: Инҳо чӣ мехоҳанд?"

Аз Ибни Умар ривоят шудааст, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: "Аллоҳ таъоло дар бегоҳи рӯзи Арафа дар назди фариштагонаш ифтихор намуда мегӯяд: Ба бандагонам назар бикунед, ки парешонмӯй ва ғуборолуд омадаанд".   Ривояти Аҳмад. Албонӣ ин ҳадисро саҳеҳ донистааст.

   Аллоҳ таъоло донотар аст.

Фазоили аъмол Маноқиб ва фазоил
Намоиш дар сомонаи Ислом савол ва ҷавоб