Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.
Оё ба таъхир андохтани ғусли ҷанобат то дамидани субҳ ҷоиз аст? Оё ба таъхир андохтани ғусли ҳайз ё нифос то дамидани субҳ барои занон ҷоиз аст?
Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Агар зан пеш аз намози бомдод покиро бубинад, (яъне аз ҳайз ё нифос пок шавад), бояд рӯза бигирад ва ҳеҷ монеае нест, ки ғуслро то баъд аз дамидани субҳ ба таъхир андозад, вале ба таъхир андохтани ғусл то баромадани офтоб ҷоиз нест.
Ва ҳамин тавр барои ҷунуб ҷоиз нест, ки ғуслашро то баъд аз тулӯи офтоб ба таъхир андозад. Бар мард воҷиб аст, ки ин корро зуд анҷом бидиҳад, то намози бомдодро бо ҷамоъат дарёбад.