Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.
Кадом чизҳо ғуслро воҷиб мегардонад?
Ҳамду сано барои Аллоҳ.
"Мӯҷиботи ғусл шаш чиз аст, ки ҳар гоҳ яке аз онҳо рух диҳад, ғусл бар мусулмон воҷиб мешавад:
Аввалинаш хориҷ шудани манӣ аз махраҷи худ, аз мард ё зан мебошад. Манӣ ё дар ҳангоми бедорӣ хориҷ мешавад ва ё дар ҳангоми хоб. Агар дар ҳангоми бедорӣ хориҷ шавад, шарт аст, ки ҳангоми баромадани он лаззат вуҷуд дошта бошад. Агар бе лаззат хориҷ шавад, ғусл воҷиб намегардад, ба монанди он ки ба сабаби беморӣ хориҷ шавад. Агар дар ҳангоми хоб хориҷ шавад, ки он эҳтилом номида мешавад, дар ин ҳолат, ғусл мутлақан воҷиб аст, зеро дар ин ҳангом идрок надошт ва шояд лаззатро ҳам эҳсос накунад. Аз ин рӯ, инсон агар аз хоб бедор шавад ва асари маниро бубинад, ғусл бар ӯ воҷиб мегардад. Агар эҳтилом шавад, вале манӣ аз ӯ хориҷ нашавад ва асари онро набинад, ғусл бар ӯ воҷиб нест.
Дуввумин мӯҷибе аз мӯҷиботи ғусл, ин ворид шудани олати мард ба фарҷи зан мебошад, гарчанде ки манӣ нозил нашавад. Далели он ҳадисест, ки Муслим ва дигарон аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ривоят кардаанд, ки ӯ мефармояд: «Ҳар гоҳ мард миёни аъзои чаҳоргонаи ҳамсараш қарор бигирад ва хатнагоҳи мард ба хатнагоҳи ҳамсараш бирасад, ғусл воҷиб мешавад». Бар асоси ин ҳадис ва иҷмоъи донишмандон, баъд аз ворид шудани олати мард ба фарҷи зан, ғусл бар марду зан воҷиб мегардад, гарчанде ки манӣ нозил нашавад.
Саввумин мӯҷибе аз мӯҷиботи ғусл дар назди гурӯҳе аз донишмандон, ин мусулмон шудани кофир аст. Агар кофир мусулмон шавад, ғусл бар ӯ воҷиб мегардад, зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба баъзе шахсоне, ки мусулмон шуданд, дастур дод, ки ғусл намоянд. Аммо бисёре аз донишмандон бар ин назаранд, ки ғусл намудани кофир ҳар гоҳ мусулмон шавад, мустаҳаб аст, вале воҷиб нест, зеро аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) нақл нашудааст, ки ӯ ҳамаи касонеро, ки мусулмон шуданд, ба ғусл намудан амр карда бошад. Аз ин рӯ, пас аз ҷамъ намудани далелҳо, ин амр бар истеҳбоб (мустаҳаб будани он) ҳамл карда мешавад.
Чаҳорумин мӯҷибе аз мӯҷиботи ғусл, ин марг аст. Ғусл додани майит воҷиб аст, ба ҷуз шаҳиди маърака, ки ӯ ғусл дода намешавад.
Панҷумин ва шашумин мӯҷиби ғусл, ин ҳайз ва нифос мебошад, зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Ҳар гоҳ ҳайзат тамом шавад, ғусл кун ва намоз бихон». Ва Аллоҳ таъоло фармудааст: «Пас ҳангоме, ки пок шуданд». Яъне аз ҳайз. Пас аз тамом шудани ҳайз бо ғусл худро пок месозанд". Поёни сухан аз китоби "Ал-Мулаххасу-л-фиқиҳӣ"-и Шайх Солеҳ Ал-Фавзон (Аллоҳ ӯро ҳифз кунад).
Аллоҳ донотар аст.