Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.
Ман мусулмонзане аз Булғористон мебошам. Мо зери ҳукумати коммунистӣ қарор доштем ва дар бораи Ислом чизе намедонистем, балки бисёре аз ибодатҳо мамнӯъ буд. Ман то синни бистсолагиам дар бораи Ислом чизе намедонистам. Баъд аз он ба риоя намудани шариъати Аллоҳ оғоз намудам. Саволи ман ба шумо чунин аст: Оё қазои намозу рӯзаи фавтшуда бар ман воҷиб аст? Аллоҳ бароятон подоши некӯ бидиҳад.
Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Аввал:
Аллоҳ таъолоро ҳамду сипос мегӯем, ки шуморо аз ҳукмронии коммунистии ситамгару харбкор, ки беш аз чиҳил сол мусулмононро саркӯб кард, раҳо намуд. Ин режим дар ин муддат масҷидҳоро тахриб кард, баъзеи он масҷидҳоро ба осорхона табдил дод, ба мактабҳои исломӣ ҳукмфармо шуд, номҳои мусулмононро иваз кард ва ҳуввияти исломиро аз байн бурд.
Вале Аллоҳ ҷуз ин намехоҳад, ки нури худро комил намояд, ҳарчанд барои кофирон нохушоянд бошад.
Ҳукмронии коммунистӣ бо тамоми қудрату туғёнгариҳояш соли 1989 аз байн рафт. Мусулмонон аз он хеле хушҳол шуданд. Онҳо ба сӯи масҷидҳои қадимаашон бори дигар баргаштанду онҳоро таъмир карданд ва барои беҳбуди вазъияти он саъю талош намуданд. Бори дигар ба таълим додани Қуръон ба кӯдаконашон шурӯъ карданд ва бори дигар ҳиҷоби занони мусулмон дар кӯчаву хиёбонҳо вонамуд шуд.
Аз Аллоҳ таъоло мепурсем, ки мусулмононро ба дини худ бо зеботарин ваҷҳ бозгардонад ва ба онон нусрату пирӯзӣ ва иззату шараф бахшад ва душманашонро хору залил созад.
Дуввум:
Дар ҳақиқат як насле аз мусулмонон дар Булғористон зери зулми ҳукумати коммунистӣ ба воя расиданд, дар бораи Ислом чизе намедонанд, дар ҳоле ки онон мусулмонанд. Зеро ҳукумати коммунистӣ байни онҳо ва омӯзиши Ислом монеа эҷод мекард, балки ҳатто воридоти Қуръони карим ва китобҳои исломиро ба Булғористон манъ мекард.
Онҳое, ки дар бораи аҳком, ибодатҳо ва фарзҳои Ислом чизе намедонанд, барояшон қазои он ибодатҳои фавтшуда лозим нест. Агар мусулмон аз илми Шариъат чизеро дарёфт карда натавонад ва аҳкоми Шариъат ба ӯ нарасад, пас дар ин ҳолат, чизе бар ӯ воҷиб нест, зеро Аллоҳ таъоло фармудааст:
لَا يُكَلِّفُ اللهُ نَفْسًا إِلَّا وُسْعَهَا
سورة البقرة: ٢٨٦
«Аллоҳ ҳеҷ касро ҷуз ба андозаи тоқаташ мукаллаф (ӯҳдадор) намесозад». (Сураи Бақара: 286).
Шайху-л-ислом Ибни Таймия (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:
"Дар миёни мусулмонон ихтилофе вуҷуд надорад, ки касе дар диёри куфр зиндагӣ мекунад ва имон оварад, вале ӯ (ба сарзамини мусулмонон) ҳиҷрат карда натавонад, барояшон адо намудани воҷибҳое, ки аз анҷом додани он оҷиз аст, шарт нест, балки бар ӯ воҷиб аст, ки ба қадри имкон (фармудаҳои Шариъатро) анҷом бидиҳад. Ҳамчунин ин чиз ба корҳое дахл дорад, ки ҳукми онро намедонист. Агар намедонист, ки намоз бар ӯ воҷиб аст ва муддате намоз нахонд, аз рӯи зоҳиртарини ду дидгоҳи донишмандон, бар ӯ қазои он намозҳои фавтшуда воҷиб нест. Ин мазҳаби Абуҳанифа, зоҳириён ва яке аз ду дидгоҳи мазҳаби Аҳмад аст.
Ҳамчунин дигар воҷибҳо, аз қабили рӯзаи моҳи Рамазон, адои закот ва ғайра мисли ҳамин аст.
Агар инсон ҳаром будани шаробро надонаду онро бинӯшад, бо иттифоқи мусулмонон ба ӯ ҳадди шаробнӯшӣ барпо карда намешавад. Танҳо дар мавриди қазои намозҳо ихтилоф намуданд.
Асли ихтилоф дар мавриди ҳамаи инҳо ин аст: Оё Шариъат ибодатҳоро бар касе, ки онро намедонад, лозим мегардонад ва ё ин ки онро лозим намегардонад, магар баъди дониш пайдо кардан нисбати он?
Ҷавоби дуруст ба ин савол чунин аст: Албатта ҳукм ба исбот намерасад, магар баъди пайдо кардани дониш нисбати он ҳукм. Модоме ки инсон воҷиб будани ҳукмро надонад, қазои онро анҷом намедиҳад. Воқеан дар ривояти саҳеҳ собит шудааст, ки баъзе аз саҳобагон баъди тулӯъи субҳ дар моҳи Рамазон то намоён шудани риштаи сафед аз риштаи сиёҳ хӯрок хӯрд. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) онҳоро ба анҷом додани қазои он рӯза амр накард. Баъзе аз саҳобагон дар ҳоли ҷанобат мудате намоз намехонд ва ӯ намедонист, ки намоз бо таяммум ҳам ҷоиз аст, мисли Абузар, Умар ибни Хаттоб ва Аммор вақте ки ҷануб шуда буданд. Вақте ки ин се нафар ҷунуб гардиданд ва дар асари он намозашонро қазо карданд, Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ягон нафари онҳоро ба анҷом додани қазои намози фавтшуда амр накард.
Бешак гурӯҳе аз мусулмонон дар Макка ва биёбонҳо ба сӯи Байтулмуқаддас намоз мегузориданд, то он даме ки мансух шудани он ба онҳо расид, вале ба онҳо дастур нашуд, ки он намозҳояшонро аз нав бихонанд.
Ҳамин гуна мисолҳо хеле зиёданд ва ин бар асосе, ки гузаштагон ва ҷумҳури дрнишмандон бар онанд, мутобиқат мекунад: Аллоҳ ҳеҷ касро ҷуз ба андозаи тоқаташ вазифадор намесозад. Воҷиб шудан ба қудрат вобастагӣ дорад. Муҷозот танҳо ба хотири тарки дастур ва ё анҷоми мамнӯъ баъди барпо гардидани ҳуҷҷат сазовор мегардад". Поёни сухан бо ихтисор.
"Маҷмуъу-л-фатово" (19/225).
Бинобар ин, қазои ибодатҳое, ки шумо воҷиб будани онро намедонистед, бар шумо лозим нест.
Насиҳати мо ба шумо ин аст, ки ба омӯхтани аҳкоми Шариъат ва омӯхтану фаҳмидани дин рӯй оваред. Бар таълим гирифтани Ислом, амал кардан ба он ва тарбияи насли мусулмонон зиёд саъю кӯшиш намоед, то ин ки дар муқобили он таҳдидҳое, ки ҳамаи мусулмонон ва бахусус кишвари шумо рӯбарӯ мешаванд, истодагарӣ карда тавонед.
Аз Аллоҳ таъоло мепурсем, ки ба Ислому мусулмонон иззат бахшад.
Аллоҳ донотар аст.