Support IslamQA

Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.

Тарзи дурусти таълим ва даъват намудани кӯдакон кадом аст?

27-11-2023

Савол 10211

Бо кадом равиш ман бародарони хурдсолам, кӯдакони даҳсоларо ба диндорӣ даъват кунам, то онҳо бо диндориву парҳезгорӣ ба воя расанд ва ман кадом равишро бо онҳо истифода барам?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Мо ба шумо тавсия медиҳем, ки ба онҳо Қуръони карим, суннати саҳеҳи паёмбар ва ахлоқи Ислом, ки дар он вуҷуд дорад, аз қабили некӣ, пайванди хешовандӣ, ростгӯӣ, амонатдорӣ ва ғайраро омӯзед. Онҳоро ба адо намудани намозҳо бо ҷамоат ва ҳамчунин ба риоя намудани одоби Ислом дар хӯрдан, нӯшидан, сухан гуфтан ва ғайра одат кунонед. Агар онҳо бо ин ахлоқу одоби бузург ба воя расанд, бо изни Аллоҳ ҳидоят меёбанд, (дар дини Аллоҳ) устувор мемонанд, ба тарзи писандида парвариш меёбанд, ба худ ва дигарон нафъ мерасонданд ва дар муқобили он барои шумо савоби бузурге дода мешавад.

Тарбияи фарзандон
Намоиш дар сомонаи Ислом савол ва ҷавоб