Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.
Ҳар гоҳ дар масъалае аз масъалаҳои динӣ, аз қабили намоз, рӯза, ҳаҷ, муомалот ва талоқ нофаҳмие ба вуҷуд ояд, оё қабул намудани дидгоҳи яке аз донишмандони мусулмонон, ки бо илму дониш ва истиқомату парҳезгорӣ шӯҳрат ёфтаанд ва онҳо аҳли фатвоянд, ба монанди яке аз аъзои Шӯрои олии уламо ва ё касе, ки мисли онон дониш дорад, кифоя аст? Аз ӯ посухи қотеона гирифта ба он пойбанд бошам? Ва ё саволи худро бояд аз якчанд донишмандон бипурсам ва сипас аз ҷавобҳои онҳо ба худ муносибашро интихоб кунам, агар ҷавобҳои онҳо гуногун бошад?
Ҳар гоҳ бароятон дар умури дин нофаҳмие ба вуҷуд ояд, шумо бояд аз аҳли илм бипурсед, чуноне ки Аллоҳ таъоло мефармояд:
فَاسْأَلُوا أَهْلَ الذِّكْرِ إِن كُنتُمْ لَا تَعْلَمُونَ
سورة النحل: ٤٣
«Пас агар намедонед, аз аҳли илм бипурсед». (Сураи Наҳл: 43).
Агар касе ба шумо фатво диҳад, ки бар донишу парҳезгории ӯ эътимод доред, пас бояд ба он фатво пойбанд бошед. Барои инсон ҷоиз нест, ки саволи худро аз якчанд донишмандон бипурсад, то аз байни фатвоҳои онон осонтарин ва ё ба хоҳишу дидгоҳи худ муносибтаринашро интихоб кунад.