Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.
Оё Ал-Аҳад яке аз номҳои Аллоҳ аст? Оё бароям ҷоиз аст, ки номи писарамро "Абдулаҳад" гузорам?
Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Бале, Ал-Аҳад яке аз номҳои Аллоҳ аст, ки дар Куръон, дар ояти зерин зикр шудааст:
قُلْ هُوَ اللَّهُ أَحَدٌ ❁ اللَّهُ الصَّمَدُ
«(Эй Паёмбар) Бигӯ: Ӯ Аллоҳ яктост. Аллоҳ бениёз аст». (Сураи Ихлос: 1-2).
Бинобар ин, ҷоиз аст, ки номи писаратро Абдулаҳад гузорӣ ва инчунин ҷоиз аст, ки номи ӯро Абдуссамад гузорӣ.
Шайх Абдурраҳмон Ал-Баррок
Маънои Ал-Аҳад:
Ӯ танҳо аст, ки ҳамеша ягона буд ва ҳеҷ гоҳ касе бо Ӯ ҳамроҳ набуд.
(Ан-Ниҳоя: 1/35).
Ӯ бо ягонагии худ дар зоту сифатонаш танҳо аст. Баъзе донишмандон байни Ал-Воҳид ва Ал-Аҳад фарқ гузоштаанд, ки Ал-Воҳид танҳо ягонагии зоти Ӯро ифода менамояд. Аммо Ал-Аҳад ягонагии зот ва сифатони Ӯро ифода менамояд.
(Тафсиру асмаиллаҳ-и Заҷҷоҷ, саҳ 58).
Ва гуфта шудааст, ки Ал-Воҳид ин аст, ки Ӯ дар зоти худ ягона аст ва ҳеҷ ҳамто ва шабеҳ надорад. Аммо калимаи Ал-Аҳад бар ягонагӣ бино ёфтааст. Танҳоӣ дар байни ҳамроҳон. Пас Ал-Воҳид ин аст, ки Ӯ дар зоти худ ягона аст. Аммо Ал-Аҳад ин аст, ки Ӯ дар сифатони худ ягона аст. Ал-Аҳад яке аз сифатҳои Аллоҳ таъоло аст, ки онро танҳо барои худ интихоб кардааст ва ҳеҷ чизи дигаре дар он насибе надорад.
(Ал-Лисону-л-Араб – Аҳад - 1/35, ваҳида 8/4779 - 4783).
Аллоҳ таъоло Ал-Воҳид (ягона) ва Ал-Аҳад (якто) аст ва дуввум, шарик, ҳамто ва шабеҳе надорад. Ӯ Ал-Воҳид (ягона) аст, ки бандагонаш ба Ӯ эътимод мекунанд ва ба Ӯ рӯ меоранд. Ба ғайри Ӯ ба каси дигаре такя намекунанд.
(Иштиқоқу асмоиллоҳ: 90-93).
Ӯ Ал-Воҳид (ягона) аст, ки ҳеҷ чиз монанди Ӯ нест. Ҳар чизи дигаре ғайр аз Ӯ, дар баъзе ҷиҳатҳо ягона ҳисобида мешавад, аммо дар бисёр ҷиҳатҳои дигар ягона ҳисобида намешавад.
(Шаъну-д-дуо: 82-83).
Ибни Ҷарир эътиқод дорад, ки маънои ваҳдонияти Аллоҳ, ин нафй намудани ҳамтоёну шабеҳон аз Аллоҳ мебошад. Аллоҳ ҳамто ва шабеҳе надорад. Ӯ маъбуди ягона ва Парвардигори ягона аст, ки ғайри Ӯ сазовори итоат нест. Ғайр аз Ӯ каси дигаре шоистаи парастиш нест.
(Тафсири Ибни Ҷорир: 3/265-266).
Аллоҳ таъоло фармудааст:
وَإِلَٰهُكُمْ إِلَٰهٌ وَاحِدٌ
البقرة:١٦٣.
«Маъбуди шумо маъбуди ягона аст». (Сураи Бақара: 163).
Аллоҳ таъоло зотест, ки бо тамоми камолот ягона аст, ки ҳеҷ ҳамтое дар он шарик шуда наметавонад. Бояд бандагон Ӯро бо қалбҳо ва гуфтору рафтор ягона шуморанд ва комилияти мутлақи Ӯ ва ягонагии Ӯро дар ваҳдоният эътироф кунанд ва Ӯро бо тамоми намудҳои ибодат ягона шуморанд.
(Тайсиру-л-карими-р-Раҳмон: 5/485).