Support IslamQA

Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.

Ҳукми намоз бо либосҳои танг

27-09-2023

Савол 103433

Ҳукми намоз бо либосҳои танг чист? Оё касе, ки либоси танг мепӯшад, метавонад ба мардум имоматӣ бикунад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

"Пӯшидани либосҳои танг ҳам барои мардон ва ҳам барои занон макруҳ аст. Машрӯъ он аст, ки либос миёна бошад, на он қадар танг бошад, ки шакли авратро намоён созад ва на он қадар васеъ, балки байни он ду бошад.

Аммо намозе, ки бо чунин либос хонда мешавад, агар авратро бипӯшонад, дуруст аст, вале пӯшидани ин гуна либосҳои танг барои мардону занони мӯъмин макруҳ аст. Либос бояд миёна, байни тангу васеъ бошад. Ин ҳамон чизест, ки сазовор аст". Поёни сухан.

"Маҷмуъу фатово"-и Шайх Ибни Боз (29/217).

Шартҳои намоз
Намоиш дар сомонаи Ислом савол ва ҷавоб