Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.
Марде як порча замин харид ва мехоҳад дар онҷо хона бисозад, то дар он зиндагӣ бикунад ё онро ба иҷора бидиҳад. Солҳо гузашту ба он замин ҳеҷ коре накард. Оё бар он замин закот воҷиб аст? Оё барои як сол закот медиҳад ё барои тамоми солҳои гузашта?
Ҳамду сано барои Аллоҳ.
"Бар ин замин закоте вуҷуд надорад, зеро он аз ҷумлаи молҳои тиҷоратӣ намебошад.
Тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст ва дуруду паёми Аллоҳ бар паёмбарамон Муҳаммад ва олу асҳоби ӯ бод". Поёни сухан.
Шайх Иброҳим ибни Муҳаммад Оли Шайх.. Шайх Абдурразоқ Афифӣ.. Шайх Абдуллоҳ ибни Ғадаён.
"Фатово-л-лаҷнати-д-доимати ли-л-буҳуси-л-илмийяти ва-л-ифто" (9/324).
Аллоҳ донотар аст.