Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.
Ман бисёре аз зикрҳову вирдҳои аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) воридшударо бо забон такрор мекунам, вале қалб ба чизҳои дигаре машғул аст. Оё ман ҳар боре ки ин зикрҳоро мехонам, бояд оиди он чизе ки мехонам, фикр кунам?
Ҳамду сано барои Аллоҳ.
"Машрӯъ ин аст, ки (ҳангоми зикр) қалб бо забон мувофиқат кунад, то аз зикр манфиат ҳосил шавад. Аз ин рӯ, шумо бояд ба тадаббур намудани зикре ки мехонед, кӯшиш кунед. Пас агар қалб баъзан аз он ғофил шавад, ҳеҷ боке надорад, иншоаллоҳ. Мо ба шумо тавсия медиҳем, ки ҳангоми васваса ба Аллоҳ аз шарри шайтон бисёр паноҳ баред.
Тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст ва дуруду паёми Аллоҳ бар паёмбарамон Муҳаммад ва олу асҳоби ӯ бод". Поёни сухан.
Кумитаи доимӣ оид ба таҳқиқоти илмӣ ва фатводиҳӣ.
Шайх Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз ... Шайх Абдуллоҳ ибни Ғадаён ... Шайх Солеҳ Ал-Фавзон ... Шайх Абдулазиз Оли Шайх ... Шайх Бакр Абузайд.
"Фатово-л-лаҷнату-д-доимату ли-л-буҳуси-л-илмийяти ва-л-ифто" (24/244).