Support IslamQA

Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.

Оё исрофкорӣ дар дастурхони ифтор савоби рӯзаро кам мекунад?

28-04-2022

Савол 106459

Оё аз ҳад зиёд омода кардани хӯрокҳо барои ифтор савоби рӯзаро кам мекунад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

"Савоби рӯзаро кам намекунад. Амали ҳаром пас аз анҷоми рӯза савоби онро кам намекунад, вале он ба ин ояти карима дохил аст:

 وَكُلُوا وَاشْرَبُوا وَلا تُسْرِفُوا إِنَّهُ لا يُحِبُّ الْمُسْرِفِينَ   سورة الأعراف: ٣١ 

»Ва бихӯред ва бинӯшед, вале исроф накунед, бегумон Аллоҳ исрофкоронро дӯст намедорад».   (Сураи Аъроф: 31).

Исрофкорӣ худ ҳаром аст ва эътидол ва сарфаҷӯӣ нисфи зиндагӣ аст. Агар моли зиёд дошта бошанд, пас садақа бикунанд, ки ин беҳтар аст". Поёни сухан.

Шайх Муҳаммад ибни Усаймин (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод).

"Фатово исломия" (2/118).

Масъалаҳо оиди рӯза
Намоиш дар сомонаи Ислом савол ва ҷавоб