Support IslamQA

Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.

Оё барои эҳром либоси махсусе вуҷуд дорад?

06-06-2024

Савол 106571

Оё барои эҳром либоси махсусе вуҷуд дорад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

"Барои эҳроми зан либоси махсусе вуҷуд надорад, балки ҳар либосеро, ки бихоҳад, мепӯшад, магар ин ки ниқоб намепӯшад ва дастпӯшак намепӯшад. Ниқоб матоъест, ки бар рӯй гузошта мешавад ва барои чашм сӯрох дорад. Аммо дастпӯшак чизест, ки дар даст пӯшида мешавад.

Аммо мард дар эҳром либоси махсусе дорад, ки иборат аст аз изор ва ридо (яъне ду порчаи сафеди нодӯхта, ки қисми боло ва поёни бадани худро бо онҳо мепӯшанд). Аз ин рӯ, мард (дар ҳоли эҳром) курта, шим, салла, бурнус (либоси кулоҳдор) ва масҳӣ намепӯшад". Поёни сухан.

"Маҷмуъу-л-фатово"-и Ибни Усаймин (22/13).

Ҳаҷҷу умра
Намоиш дар сомонаи Ислом савол ва ҷавоб