Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.
Ман як ҷавоне ҳастам, ки дар сарзамини Ҳарамайн (Арабистони Саудӣ) кор мекунам. Даромади ман маҳдуд аст, ки танҳо барои чизҳои зарурӣ ва хароҷоти рӯзғор кофӣ аст, алҳамду лиллоҳ (шукри Аллоҳ). Аз номи худам се маротиба ҳаҷ кардаам, алҳамду лиллоҳ (шукри Аллоҳ). Падарам дар Миср зиндагонӣ мекунад ва то ҳол ҳаҷ накардааст, зеро барои хароҷоти ҳаҷ маблағи кофӣ надорад. Бояд қайд кард, ки падарам (аз ҷиҳати саломатӣ) хуб ва солиму тандуруст аст. Аммо аз сабаби он ки барои ҳаҷ маблағи кофӣ надорад, оё ман метавонам аз номи ӯ ҳаҷ кунам?
Ҳамду сано барои Аллоҳ.
"Агар воқеият ҳамон тавре бошад, ки (дар савол) зикр шуд, ки падари шумо солиму тандуруст аст, вале аз ҷиҳати қудрати молӣ надоштан ҳаҷ карда наметавонад, дар ин ҳолат, ҳаҷ бар ӯ воҷиб нест, зеро Аллоҳ таъоло фармудааст:
وَلِلهِ عَلَى النَّاسِ حِجُّ الْبَيْتِ مَن اسْتَطَاعَ إِلَيْهِ سَبِيلًا
سورة آل عمران: ٩٧
«Ва барои Аллоҳ, ҳаҷҷи хона (Каъба) бар мардум воҷиб аст, барои касоне, ки тавоноии рафтан ба сӯи онро дошта бошанд». (Сураи Оли Имрон: 97).
Шайх Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз ... Шайх Абдураззоқ Афифӣ ... Шайх Абдуллоҳ ибни Ғадаён ... Шайх Абдуллоҳ ибни Қаъуд.