Support IslamQA

Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.

Фоидаи шарт гузоштан ҳангоми эҳром

30-05-2024

Савол 111784

Сухани зерин "Ин ҳабасанӣ ҳобисун, фамаҳиллӣ ҳайсу ҳабастанӣ" барои касе, ки мехоҳад ба ҳаҷ ё умра эҳром бандад, чӣ фоидае дорад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Барои касе, ки мехоҳад ба ҳаҷ ё умра эҳром бандад, машрӯъ аст, ки ҳангоми эҳром агар битарсад, ки монеае аз комил намудани ҳаҷ ва умра ӯро бозмедорад, шарт гузошта, бигӯяд:

إِنْ حَبَسنِي حابسٌ فَمَحِلِّي حَيْثُ حَبَسْتَنِي

"Ин ҳабасанӣ ҳобисун, фамаҳиллӣ ҳайсу ҳабастанӣ".

(Агар монеъе маро боз дошт, хориҷ шуданам аз эҳром ҳамон ҷоест, ки маро боз доштаӣ).

Зеро Бухорӣ (5089) ва Муслим (1207) ривоят кардаанд, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба Зубоъа бинти Зубайр, ки бемор буд ва нияти ҳаҷ дошт, фармуд:

«Ҳаҷ намо ва шарт гузошта бигӯ: "Аллоҳумма, маҳиллӣ ҳайсу ҳабастанӣ". (Эй Аллоҳ, хориҷ шуданам аз эҳром ҳамон ҷоест, ки маро боз доштаӣ)».  

Фоидае, ки муҳрим аз он истифода мебарад, ин аст, ки агар монеае ҳосил шаваду, ӯро аз комил намудани маносики ҳаҷ боздорад, аз қабили беморӣ ё ҳодиса ва ё бо сабабе аз ворид шудан ба Макка манъ карда шавад, аз эҳром берун мешавад ва ҳеҷ чизе бар ӯ воҷиб намегардад, на фидя, на ҳадй ва на тарошидани сар.
Агар ин шарт намебуд, ӯ муҳсар мешуд. (Яъне агар ҳангоми дохил шудан ба эҳром шарт нагузорад, муҳсар ҳисобида мешавад). Муҳсар - касест, ки аз такмили маносики ҳаҷ боз дошта шудааст - бояд ҳадйеро забҳ намуда, сарашро тарошад, ҳамонтавре ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар соли Ҳудайбия, ҳангоме ки мушрикон ӯро аз вуруди Макка боздоштанд, анҷом дод. Ӯ он ҳангом ҳадйи худро наҳр намуд, сари хешро тарошид ва саҳобагонро низ ба ин чиз амр намуда, ба онҳо гуфт:

«Бархезед, наҳр кунед ва сари хешро битарошед».   Ривояти Бухорӣ (2734).

Аллоҳ таъоло фармудааст:

وَأَتِمُّوا الْحَجَّ وَالْعُمْرَةَ لِلهِ فَإِنْ أُحْصِرْتُمْ فَمَا اسْتَيْسَرَ مِنْ الْهَدْيِ وَلَا تَحْلِقُوا رُءُوسَكُمْ حَتَّى يَبْلُغَ الْهَدْيُ مَحِلَّهُ

سورة البقرة: ١٩٦

«Ва ҳаҷҷу умраро барои Аллоҳ ба итмом бирасонед. Ва агар (ба сабаби душман ё беморӣ ва ё дигар сабабҳо аз такмили маносики ҳаҷ) боздошта шудед, пас он чи аз қурбонӣ муяссар (ва фароҳам) шавад, забҳ кунед (ва аз эҳром берун шавед) ва сарҳои худро натарошед, то қурбонӣ ба ҷойгоҳаш бирасад».   (Сураи Бақара: 196).

Шайх Ибни Боз (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:

"Фоидаи ин шарт ин аст, ки агар монеае ба муҳрим пеш ояд, аз қабили беморӣ ё ҷилавгирии душман ва ӯро аз комил шудани маносики ҳаҷҷаш боздорад, барояш ҷоиз аст, ки аз эҳром берун шавад ва ҳеҷ чизе бар ӯ воҷиб намегардад". Поёни сухан.

"Маҷмуъу фатово"-и Ибни Боз (17/50).

Шайх Ибни Усаймин (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:

"Фоидаи шартгузорӣ: Фоидааш ин аст, ки агар барои инсон монеае ҳосил шаваду, ӯро аз комил намудани маносики ҳаҷ боздорад, бидуни ҳеҷ чиз аз эҳром берун мешавад. Яъне (бидуни ҳеҷ гуна ҷазо ва фидя) аз эҳром берун меояд ва фидя ё қазо бар ӯ воҷиб нест". Поёни сухан.

"Маҷмуъу фатово"-и Ибни Усаймин  (22/28).

Ҳаҷҷу умра
Намоиш дар сомонаи Ислом савол ва ҷавоб