Support IslamQA

Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.

Агар ман бо ӯ издивоҷ кунам, ҳамсари аввалаш ӯро тарк мекунад

20-12-2021

Савол 11519

Ман модари бешавҳар ҳастам. Яке аз мусулмонон аз ман дархости издивоҷ кард, аммо ӯ оиладор аст. Якчанд вақт ба ӯ "не" гуфтам, аммо ман намози истихора хондам ва (пас аз намози истихора) эҳсос кардам, ки ба ин издивоҷ "бале" гӯям. Дар маҳаллаи мо овозаҳои зиёд шуда истодааст, ки мо бо ҳам сӯҳбат мекунем. Мардум ба ман мегӯянд, ки мардони безан зиёданд, пас чаро шумо ин марди оиладорро интихоб кардед? Сипас ба ӯ мегӯянд, ки агар бо ӯ издивоҷ карданӣ бошед, издивоҷ бикунед ва ё ӯро тарк намоед. Ӯ кӯшиш мекунад, ки ҳамсарашро қаноатманд созад, аммо ҳамсараш ба ӯ гуфтааст, ки агар ӯ издивоҷ намояд, ӯро тарк хоҳад кард. Ба сабаби ин фитна дӯсти беҳтаринамро аз даст додам. Агар ман бо ӯ издивоҷ бикунаму ҳамсараш ӯро тарк намояд, ман худро гунаҳкор ҳис мекунам, зеро ӯ инро таҳаммул карда натавонист. Ман ҳам инро таҳаммул карда наметавонам. Аллоҳ таъоло донотар аст. Оё сабр карда интизор шавам, то ӯ бо ҳамсараш роҳи ҳалле пайдо кунад ва ё ӯро фаромӯш карда бо мусулмони муҷаррад (безан) издивоҷ намоям?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Масъалаи издивоҷ шахсан ба шумо дахл дорад. Он чизе, ки метавонад байни ӯ ва ҳамсари аввалаш рух бидиҳад, шумо масъули он нестед.

Агар шумо якчанд интихоб дошта бошед, беҳтаринашро интихоб кунед. Аммо агар шумо интихоби бо ӯ издивоҷ кардан ва ё муҷаррад монданро дошта бошед, ман фикр мекунам, ки издивоҷ бо ӯ беҳтар аст.

Мушкилоти руҳӣ ва иҷтимоӣ
Намоиш дар сомонаи Ислом савол ва ҷавоб