Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.
Баъзе бемороне, ки бо душворӣ нафас мекашанд, ҳангоми рӯзадорӣ ба оксигени сунъӣ ниёз доранд. Оё ин ба рӯза ягон таъсире дорад?
Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Гази оксигене, ки ба баъзе беморон дода мешавад, рӯзаро фосид намекунад, зеро ба ин оксиген ягон маводи дигаре илова карда намешавад, бинобарин ҳукми он мисли нафаскашии ҳавои табиӣ аст.
Аз ин рӯ, дар қарори "Маҷмаъу-л-фиқҳи-л-исломӣ" омадааст:
"Умури зерин аз шиканандаҳои рӯза ба ҳисоб намеравад: ... гази оксиген". Поёни сухан.
Ниг "Маҷаллату-л-маҷмаъу-л-фиқҳи-л-исломӣ" (10/2/96, 454) ва "Муфтироту-с-сиёми-л-муъосира"-и Доктор Аҳмад Халил (саҳ 50).