Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.
Оё барои мард ҷоиз аст, ки риши худро тарошад, агар ниёзи рафтан ба кишвареро дошта бошад, ки мардони ришдор дар онҷо мавриди шиканҷа қарор мегиранд?
Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Ин саволро ба Шайх Ибни Ҷибрил (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) пешниҳод кардем, чунин ҷавоб дод:
"Агар ғайр аз рафтан ба он кишвар дигар чорае надошта бошад ва ё рафтани ӯ сабаби тақвияти мусулмонон бошад, ҳеҷ боке надорад, ки ришашро тарошад. Аммо агар танҳо ба хотири манфиатҳои дунявӣ ба онҷо рафтанӣ бошад ва ё шиканҷае, ки ба ӯ мерасад, қобили таҳаммул бошад, дар ин ҳолат, барои ӯ тарошидани риш ҷоиз нест". Поёни сухан.
Ҳамчунин бояд қайд кард, ки агар паст ва кӯтоҳ кардани риш барои бартараф намудани зарар кофӣ бошад, дар ин ҳолат тарошидани он ҷоиз нест.
Аллоҳ донотар аст.