Support IslamQA

Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.

Тарзи пардохт кардани каффорат

07-04-2021

Савол 12591

Фидяи касе, ки дар моҳи Рамазон рӯза нагирифтааст, оё он бояд ҳар рӯз пардохта шавад ва ё пас аз Рамазон якбора пардохта шавад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Касе, ки дар моҳи Рамазон ба сабаби узре, ки умеди дур шуданаш нест, рӯза нагирад, ба монанди пиронсол, бояд барои ҳар рӯз ба як мискине таом бидиҳад. Дар таом додан интихоб дорад, барои ҳар як рӯз бо алоҳидагӣ таом медиҳад ва ё то ба охир расидани моҳ интизор мешавад, сипас ба мискинон ба адади рӯзҳои моҳ таом медиҳад.

Шайх Ибни Усаймин (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) дар китоби "Аш-шарҳу-л-мумтиъ" (6/335) гуфтааст:

Вақти он - яъне вақти пардохти таом - интихобӣ аст. Агар бихоҳад барои ҳар як рӯз дар он рӯз пардохт мекунад ва агар бихоҳад, онро ба рӯзи охирин ба таъхир меандозад, зеро Анас (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) чунин мекард. Поёни сухан.

Каффорат
Намоиш дар сомонаи Ислом савол ва ҷавоб