Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.
Ман мехоҳам бидонам, ки гуноҳи кадоме аз ин амалҳо бузургтару калонтар аст: Зино, шаробнӯшӣ ва ё қиморбозӣ?
Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Далелҳои Қуръону ҳадис далолат мекунанд, ки зино, шаробнӯшӣ ва қимор аз гуноҳони кабира мебошанд.
Аллоҳ таъоло фармудааст:
يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا إِنَّمَا الْخَمْرُ وَالْمَيْسِرُ وَالأَنصَابُ وَالأَزْلامُ رِجْسٌ مِنْ عَمَلِ الشَّيْطَانِ فَاجْتَنِبُوهُ لَعَلَّكُمْ تُفْلِحُونَ
سورة المائدة: ٩٠
«Эй касоне, ки имон овардаед, шароб ва қимор ва бутҳо ва азлом (як навъ қуръапартоӣ) палид ва аз амали шайтон аст, пас аз онҳо дурӣ ҷӯед, то растагор шавед». (Сураи Моида: 90).
Аллоҳ таъоло фармудааст:
وَلا تَقْرَبُوا الزِّنَى إِنَّهُ كَانَ فَاحِشَةً وَسَاءَ سَبِيل
سورة الإسراء: ٣٢
«Ба зино наздик машавед. Зино кори зишт ва бадтарин роҳ аст». (Сураи Исро: 32).
Бухорӣ (5578) ва Муслим (57) аз Абуҳурайра (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят кардаанд, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд: «Зинокор дар ҳоле, ки зино мекунад, мӯъмин нест. Шаробнӯш дар ҳоле, ки шароб менӯшад, мӯъмин нест. Дузд дар ҳоле, ки дуздӣ мекунад, мӯъмин нест».
Аллоҳ таъоло дурӣ аз ин балоҳову палидиҳоро шарти каффораи гуноҳон ва болоравии мақому мартаба қарор додааст.
Аллоҳ таъоло фармудааст:
إِنْ تَجْتَنِبُوا كَبَائِرَ مَا تُنْهَوْنَ عَنْهُ نُكَفِّرْ عَنْكُمْ سَيِّئَاتِكُمْ وَنُدْخِلْكُمْ مُدْخَلاً كَرِيماً
سورة النساء: ٣١
«Агар аз гуноҳони бузурге, ки аз он манъ шудаед, дурӣ кунед, аз гуноҳони кӯчакатон дармегузарем ва шуморо ба ҷойгоҳи шоистае ворид мекунем». (Сураи Нисо: 31).
Аз Абуҳурайра ривоят шудааст, ки расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) мегуфт: «Намозҳои панҷгона, ҷумъа то ҷумъа ва Рамазон то Рамазон поккунандаи гуноҳонест, ки дар миёни онҳо рух додаанд, агар аз гуноҳони кабира дур шавад». Ривояти Муслим (233).
Дуввум:
Бузургтарини ин се гуноҳи кабира зино аст, зеро Аллоҳ таъоло онро дар канори бутпарастӣ ва куштор зикр кардааст. Аллоҳ таъоло фармудааст:
وَالَّذِينَ لا يَدْعُونَ مَعَ اللهِ إِلَهًا آخَرَ وَلا يَقْتُلُونَ النَّفْسَ الَّتِي حَرَّمَ اللهُ إِلا بِالْحَقِّ وَلا يَزْنُونَ
سورة الفرقان: ٦٨
«Ва онон, ки бо Аллоҳ маъбуди дигареро намепарастанд ва нафсеро, ки Аллоҳ куштанашро ҳаром кардааст, ба ғайри ҳақ намекушанд ва зино намекунанд». (Сураи Фурқон: 68).
Ва азбаски зино дар баробари дар ҳаққи Аллоҳ таъоло гуноҳи кабира буданаш, инчунин таҷовуз бар азизтарин ва шарифтарин чизи банда аст, ки он номусу шарафи ӯст. Илова бар ин, мафсадаю зарарҳои бузург ва олудашавии нангу номусро ҳам дар пай дорад, ки метавонад муддати тӯлонӣ давом кунад ва аз насл ба насл интиқол ёбад, паноҳ ба Аллоҳ.
Мунзирӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:
"Дар ҳадиси саҳеҳе омадааст, ки мудмину-л-хамр (касе ки бардавом шароб менӯшад) ҳар гоҳ бимирад, (дар рӯзи қиёмат) бо Аллоҳ таъоло ба монанди бутпараст рӯбарӯ хоҳад шуд. Бешак гуноҳи зино назди Аллоҳ таъоло аз шаробнӯшӣ шадидтару бузургтар аст". Поёни сухан.
"Аттарғибу ва-т-тарҳиб" (3/190).
Саффоринӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:
"Зино баъд аз ширку қатл бузургтарин гуноҳи кабира аст". Поёни сухан бо ихтисор.
"Ғизоу-л-албоб" (2/305).
Барои ҳамин ҳадду муҷозоти зино аз муҷозоти шаробнӯшӣ сахттар аст, хусусан агар зинокор издивоҷ карда бошад.
Гуноҳи шаробнӯшӣ аз қимор бештар аст, зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар шароб даҳ тоифаро лаънат кардааст: Тайёркунандаи он, шахсе ки тайёр кардани онро талаб намудааст, нӯшандаи он, оварандаи он, шахсе ки овардани онро талаб намудааст, соқии он, фурӯшандаи он, хӯрандаи пули он, харидори он ва шахсе ки харидани онро талаб кардааст.
Тирмизӣ (1295) ин ҳадисро ривоят кардааст ва Албонӣ онро саҳеҳ донистааст.
Шаробнӯшӣ (инсонро) ба ҳар гуна бадиҳо ва ахлоқҳои нописанд мебарад ва он модари палидиҳо мебошад.
Гоҳо ин чиз мувофиқи шароит ва бадиву фасоди мутараттибшуда фарқ мекунад. Масалан марде як маротиба зино карда, дигар онро такрор намекунад, аммо марди дигаре шароб менӯшад ва ин амалро ҳамеша анҷом медиҳад, ки аз сабаби зиёд шароб нӯшидан бадрафтор мешавад, фаҳшу фуҷураш зиёд мегардад, хонаашро тарк мекунад, бар фарзанди худ нафақа намекунад ва муҳаббати шароб ӯро ба дуздӣ ва ҳамнишинии фасодкорон водор месозад ва ҳамчунин дигар амалҳои нописанде, ки баъзе аз шаробнӯшон ба он гирифтор мешаванд, анҷом медиҳад. Дар ин ҳангом, ҳолати ӯ шадидтар ва гуноҳи ӯ аз гуноҳи касе ки як маротиба зино карда, тарк кардааст, бузургтар мебошад.
Насоӣ (5666) аз Усмон (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят кардааст, ки мефармояд: "Аз шароб дурӣ биҷӯед, зеро он модари палидиҳост. Пеш аз шумо марде буд, ки бисёр ибодат мекард ва зани бадкоре ба ӯ ошиқ мешавад. Сипас он зан канизи худро ба сӯи ин мард мефиристад, то ӯро ба наздаш орад. Каниз ба назди ӯ рафта мегӯяд, ки мо туро барои шоҳидӣ додан даъват мекунем. Мард бо ҳамроҳии ин каниз равона мешавад ва вақте, ки ба он ҷо мерасанд, ҳар гоҳ он мард вориди даре мешуд, каниз он дарро мепӯшид ва ӯро ба назди зани зебое, ки дар наздаш кӯдак ва зарфи шароб буд, овард. Ин зан гуфт: Қасам ба Аллоҳ, ман туро барои шоҳидӣ даъват накардаам, ман туро барои он даъват намудаам, ки бо ман ҳамбистарӣ намоӣ, ё ин шаробро бинӯшӣ ва ё ин кӯдакро бикушӣ. Мард гуфт: Аз ин шароб бароям як пиёла бирез. Ба ӯ як пиёла мерезад. Вақте онро менӯшад, боз талаб намуда, нӯшиданро тарк намекунад. Дар натиҷа бо ин зан зино карда, он кӯдакро ба қатл мерасонад. Аз ин рӯ, аз шароб дурӣ ҷӯед, зеро қасам ба Аллоҳ, имон бо шаробнӯшии бардавом ҷамъ намешаванд, то он даме ки яке дигареро хориҷ кунад".
Албонӣ ин ривоятро дар "Саҳиҳу-н-насоӣ" саҳеҳ донистааст.
Совӣ дар китоби худ "Ҳошияту-с-совӣ ала-ш-шарҳи-с-сағир" (4/500) дар бораи шаробнӯшӣ гуфтааст:
"Мафосиди шароб ба хотири зиёд буданаш аз мафосиди зино бештар аст, зеро бо сабаби шаробнӯшӣ дар доми зино, дуздӣ ва қатл меафтад ва барои ҳамин (дар ривояте) омадааст, ки шароб модари палидиҳост". Поёни сухан.
Асос ин ки гуноҳи зино аз ҳар дуи он бузургтар аст, баъд аз он шаробнӯшӣ ва баъди он қимор мебошад, аммо ба сабаби ихтилофи аҳволу шароит, бар ҳасби осори мутараттибшуда ва фасоди ҳосилшуда, мумкин аст ин тартиб дигаргун шавад. Ба ҳар ҳол, бар мусулмон воҷиб аст, ки аз ҳамаи ин гуноҳон ва аз дигар гуноҳони кабираи ҳаромшуда дурӣ варзад.
Агар касе ягон вақт ба яке аз ин палидиҳо мубтало шуда бошад, пас бояд онро бо пардаи Аллоҳ таъоло бипӯшонад. Пеш аз даст додани фурсат ва пеш аз ин ки ба хотири бардавом анҷом додани гуноҳон ва иҷрои маъсиятҳои бузург ба қалбаш мӯҳр зананд, ба тезӣ тавба кунад.
Аллоҳ таъоло пас аз зикри теъдоде аз гуноҳони кабира ва корҳои зишт, аз қабили ширк ба Аллоҳ, куштор, зино ва дигар гуноҳони кабира фармудааст:
وَالَّذِينَ لا يَدْعُونَ مَعَ اللهِ إِلَهًا آخَرَ وَلا يَقْتُلُونَ النَّفْسَ الَّتِي حَرَّمَ اللهُ إِلا بِالْحَقِّ وَلا يَزْنُونَ وَمَنْ يَفْعَلْ ذَلِكَ يَلْقَ أَثَامًا ❁ يُضَاعَفْ لَهُ الْعَذَابُ يَوْمَ الْقِيَامَةِ وَيَخْلُدْ فِيهِ مُهَاناً ❁ إِلا مَنْ تَابَ وَآمَنَ وَعَمِلَ عَمَلاً صَالِحاً فَأُوْلَئِكَ يُبَدِّلُ اللهُ سَيِّئَاتِهِمْ حَسَنَاتٍ وَكَانَ اللهُ غَفُوراً رَحِيماً ❁ وَمَنْ تَابَ وَعَمِلَ صَالِحاً فَإِنَّهُ يَتُوبُ إِلَى اللهِ مَتَاباً
سورة الفرقان: ٦٨-٧١
«Ва онон, ки бо Аллоҳ маъбуди дигареро намепарастанд ва нафсеро, ки Аллоҳ куштанашро ҳаром кардааст, ба ғайри ҳақ намекушанд ва зино намекунанд. Ва ҳар кас ин корро бикунад, уқубати гуноҳи худро мебинад. Азоб барои ӯ дар рӯзи қиёмат дучанд карда мешавад ва хору зор ва ҷовидон дар он мемонад, магар касе, ки тавба кунад ва имон оварад ва корҳои шоиста кунад. Пас онҳоянд, ки Аллоҳ бадиҳояшонро ба некиҳо табдил медиҳад ва Аллоҳ омурзандаи меҳрубон аст. Ва ҳар кас тавба намояд ва кори шоиста кунад, ба дурустӣ ки ӯ ба сӯи Аллоҳ боз мегардад». (Сураи Фурқон: 68).
Аллоҳ таъоло донотар аст.