Support IslamQA

Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.

Таъхир намудани закот то моҳи Рамазон ҷоиз нест

16-03-2021

Савол 13981

Закоти молҳоям пеш аз Рамазон ба нисоб мерасад. Оё ҷоиз аст, онро то Рамазон ба таъхир бияндозам, зеро закот дар Рамазон беҳтар аст?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Ҳар гоҳ бар моли ба нисоб расида як сол гузарад, пардохти закот фавран воҷиб мегардад, таъхир намудани закот баъди гузаштани як сол дар ҳоле, ки қудрати пардохти онро дорад, ҷоиз нест.

Аллоҳ таъоло фармудааст:

وَسَارِعُوا إِلَى مَغْفِرَةٍ مِنْ رَبِّكُمْ وَجَنَّةٍ عَرْضُهَا السَّمَاوَاتُ وَالأَرْضُ أُعِدَّتْ لِلْمُتَّقِينَ   آل عمران/133 .

«Ба сӯи омурзиши Парвардигоратон ва биҳиште, ки паҳнои он (ба андозаи) осмонҳо ва замин аст (ва) барои парҳезгорон омода шудааст, бишитобед».   (Сураи Оли Имрон: 133).  

Ва инчунин Аллоҳ таъоло фармудааст:

سَابِقُوا إِلَى مَغْفِرَةٍ مِنْ رَبِّكُمْ وَجَنَّةٍ عَرْضُهَا كَعَرْضِ السَّمَاءِ وَالأَرْضِ أُعِدَّتتْ لِلَّذِينَ آمَنُوا بِاللَّهِ وَرُسُلِهِ   الحديد/21 .

«Ба сӯи омурзиши Парвардигоратон ва биҳиште, ки паҳнои он монанди паҳнои осмону замин аст, (ки) барои касоне, ки ба Аллоҳ ва паёмбаронаш имон овардаанд, омода шудааст, сабқат кунед».   (Сураи Ҳадид: 21).

Агар инсон закотро ба таъхир андозад, намедонад, ки чӣ чиз ба ӯ рух медиҳад, шояд вафот кунад ва дар зиммааш фарз боқӣ мемонад. Ҳақро аз зиммаи худ соқит кардан воҷиб аст.

Зеро ниёзи камбағалон ба закот мутааллиқ аст. Агар онро баъди гузаштани як сол ба таъхир андозад, камбағалон ҳамчунон мӯҳтоҷ боқӣ хоҳанд монд ва чизе барои кифоят ва баровардани ҳоҷати хеш нахоҳанд ёфт. Ба китоби "Шарҳу-л-мумтиъ" (6/187) нигаред.

Кумитаи доимии фатво оиди марде пурсида шуд, ки дар моҳи Раҷаб соҳиби нисоб шудааст ва мехоҳад, ки закотро дар моҳи Рамазон пардохт кунад.

Кумитаи доимии фатво дар ҷавоб гуфт:

Закот бар шумо дар моҳи Раҷаб, баъди гузашти як соли пурра, пас аз соле ки соҳиби нисоб шудед, воҷиб мебошад ... Аммо агар хоҳед, ки закотро зудтар пеш аз гузашти як сол, дар моҳи Рамазони ҳамон соле ки соҳиби нисоб шудед, пардохт намоед, ин амал ҷоиз аст, модоме ки барои пешакӣ пардохт намудани он, ҳоҷати зарурие вуҷуд дошта бошад. Аммо ба таъхир андохтани закот ба Рамазон, баъди як соли пурра шудани он дар моҳи Раҷаб, (ки аз нисоб як сол зиёдтар мегузарад) ҷоиз нест, зеро закот фавран воҷиб мебошад. Поёни сухан бо ихтисор. "Фатово-л-лаҷна" (9/392). 

Ва дар фатвои дигар (9/395) омадааст:

Касе ки закот бар ӯ воҷиб шудаасту бе ягон узри шаръӣ онро ба таъхир меандозад, гунаҳкор мешавад, зеро далелҳо дар Қуръону ҳадис ворид шудаанд, ки дар пардохти закот дар вақташ шитоб карда шавад. Поёни сухан.

Ва инчунин дар фатвои дигар (9/398) омадааст:

Ба таъхир андохтани закот, баъди пурра гаштани сол ҷоиз нест, магар бо узри шаръӣ, монанди наёфтани камбағалон дар вақти пардохти закот ва ё надоштани имконият барои расонидани закот ба онон ва ё дар ҷои дигар будани маблағ ва амсоли он. Аммо ба таъхир андохтани закот ба хотири моҳи Рамазон ҷоиз нест, магар дар ҳолате ҷоиз аст, ки ба Рамазон вақти каме боқӣ монда бошад. Масалан вақти пардохти закот нимаи дуввуми моҳи  Шаъбон бошад, дар ин ҳолат ба таъхир андохтани он ба Рамазон ҳеҷ боке надорад. Поёни сухан.

Закот
Намоиш дар сомонаи Ислом савол ва ҷавоб