Support IslamQA

Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.

Оё издивоҷ бо духтари тағои модарам ҷоиз аст?

23-10-2021

Савол 149382

Ман саволе дорам, ки маро ба ҳайрат гузошт. Саволи ман чунин аст: Оё издивоҷ бо духтари падаркалон ҷоиз аст? Бояд бидонед, ки манзури ман аз падаркалон тағои модарам мебошад. Ба ибораи дигар, оё издивоҷ бо духтари тағои модарам ҷоиз аст?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Дар урфу одати баъзе ҷомеаҳо тағои модар, падарбузург ҳисобида мешавад. Аммо ин мувофиқи Шариат ва илми луғат нест. Тағои модар ба худи ӯ ва ба тамоми зурийёт (фарзандону наберагон)-и ӯ тағо ҳисобида мешавад. Фарзандони тағои модар ба фарзандони он модар тағобача (фарзандони тағо, писартағою духтартағо) ҳисобида мешаванд.

Барои фоидаи бештар ба ҷавоби саволи рақами (103878 ) руҷӯъ карда шавад.

Бар асоси ин, духтари тағои модар духтари тағои шумо ба ҳисоб меравад ва духтари тағо маҳрам нест, аз ин рӯ, бо ӯ издивоҷ кардан ҳеҷ боке надорад.

Аллоҳ таъоло фармудааст:

 يَا أَيُّهَا النَّبِيُّ إِنَّا أَحْلَلْنَا لَكَ أَزْوَاجَكَ اللَّاتِي آتَيْتَ أُجُورَهُنَّ وَمَا مَلَكَتْ يَمِينُكَ مِمَّا أَفَاءَ اللهُ عَلَيْكَ وَبَنَاتِ عَمِّكَ وَبَنَاتِ عَمَّاتِكَ وَبَنَاتِ خَالِكَ وَبَنَاتِ خَالاتِكَ     سورة الأحزاب: ٥٠ 

«Эй паёмбар, Мо ҳамсаронатро, ки маҳрашонро пардохтаӣ, бароят ҳалол кардаем ва (низ) канизонеро, ки Аллоҳ (дар ҷанг) ба ту арзонӣ доштааст ва (низ) духтарони амакат ва духтарони аммаҳоят ва духтарони тағоят ва духтарони  холаҳоятро бароят ҳалол кардаем».   (Сураи Аҳзоб: 50).

Шайх Абдураҳмони Саъдӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:

"Аллоҳ таъоло бо лутфу марҳамат ба паёмбари худ занонеро ҳалол намудааст, ки дар он ӯ ва дигар мӯъминон шариканд. Аллоҳ таъоло фармудааст:

 وَبَنَاتِ عَمِّكَ وَبَنَاتِ عَمَّاتِكَ وَبَنَاتِ خَالِكَ وَبَنَاتِ خَالاتِكَ 

«Ва духтарони амакат ва духтарони аммаҳоят ва духтарони тағоят ва духтарони холаҳоятро бароят ҳалол кардаем».

Ин оят амаку амма ва тағою холаи дуру наздикро дарбар гирифтааст". Поёни сухан бо ихтисор ва каме тағйирот.

Барои фоидаи бештар ба ҷавоби саволи рақами (112320 ) руҷӯъ карда шавад.

     Аллоҳ донотар аст.

Аҳкоми никоҳ Маҳрамҳо
Намоиш дар сомонаи Ислом савол ва ҷавоб