Support IslamQA

Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.

Музд гирифтан барои таълими Қуръон ҷоиз аст

25-11-2022

Савол 20100

Оё пул гирифтан дар муқобили таълим додани Қуръон дуруст аст?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Аз Кумитаи доимӣ оиди раво будани музд гирифтан барои таълими Қуръон пурсиданд.

Чунин посух доданд:

Бале, музд гирифтан барои таълими Қуръон бино бар саҳеҳтарини ду дидгоҳи донишмандон бо назардошти умуми сухани паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ҷоиз аст, ки ӯ мефармояд: «Шоистатарин чизе, ки дар муқобили он музд гирифтаед, китоби Аллоҳ аст».   Ривояти Бухорӣ.

Ҳамчунин ба хотири ниёзи мардум ба он (ин амал ҷоиз аст).

Тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст ва дуруду паёми Аллоҳ бар паёмбарамон Муҳаммад бод.

Қуръон ва улуми Қуръон Аҳкоми кору касб
Намоиш дар сомонаи Ислом савол ва ҷавоб