Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.
Ҳукми ба навзод Ҳофиз ном гузоштан чист?
Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Ҳофиз ном гузоштан ҷоиз аст, зеро дар шариат ягон далеле вуҷуд надорад, ки онро манъ кунад. Асос ин аст, ки ҳар як номе, ки дар лафзу маънои худ маънои баде надошта бошад, номгузорӣ бо он ҷоиз аст.
Шайх Бакр ибни Абдуллоҳ Абузайд (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) дар китоби худ "Тасмияту-л-мавлуд" дар мавриди номгузории писарон, баъзе номҳоро интихоб карда, аз ҷумла номи "Ҳофиз"-ро зикр намудааст.
Ба китоби ӯ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) руҷӯъ карда шавад, зеро ин китоб дар боби худ арзишманду камёб аст.
Номи баъзе аз донишмандон "Ҳофиз" буд, аз ҷумла, Шайх Ҳофиз ибни Аҳмад Ал-Ҳакамӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод). Ӯ яке аз донишмандони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ мебошад. Соли 1377-и ҳиҷрӣ вафот кардааст.
Аллоҳ донотар аст.