Support IslamQA

Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.

Зикрҳои вузӯ

17-01-2021

Савол 2165

Ҳангоми вузӯ анҷом додани чӣ чиз мустаҳаб аст? Баъд аз он чӣ бояд гуфт?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Тарзи вузӯи шаръӣ чунин аст: Инсон се бор аз зарф ба ҳар ду дасти худ (то банди даст) об мерезад, сипас дасти рости худро ба зарф дохил менамояд ва се бор мазмаза ва истиншоқ мекунад. Онгоҳ се бор рӯи худро шуста, сипас се бор ҳар ду дастро бо оринҷҳо мешӯяд, баъдан як бор сар ва гӯшҳои худро масҳ мекунад, онгоҳ ҳар ду пои худро то буҷулак се бор мешӯяд. Агар ду маротиба, ду маротиба ё як маротиба бишӯяд, кофист. Сипас баъд аз вузӯ мегӯяд:

أَشْهدُ أَنْ لا إِله إِلاَّ الله وحْدَه لا شَريكَ لهُ، وأَشْهدُ أَنَّ مُحمَّدًا عبْدُهُ وَرسُولُه ، اللَّهُمَّ اجْعَلْنِي مِنَ التَوَّابِينَ ، واجْعَلْنِي مِنَ المُتَطَهِّرِينَ

"Ашҳаду алло илоҳа иллaллоҳy ваҳдаҳу ло шарика лаҳ ва ашҳаду анна муҳаммадан ъабдуҳу ва расулуҳ. Аллоҳуммаҷъалнӣ мина-т-таввобина ваҷъалнӣ мина-л-мутатаҳҳирин".

(Гувоҳӣ медиҳам, ки ҳеҷ маъбуде бар ҳақ ҷуз Аллоҳи ягона нест, Ӯ шарике надорад ва гувоҳӣ медиҳам, ки Муҳаммад банда ва паёмбари Ӯст. Эй Аллоҳ, маро аз ҷумлаи тавбакорон ва покизагон қарор бидеҳ).

Фатовои кумитаи доимӣ (5/231).

Аммо пеш аз вузӯ "Бисмиллоҳ" мегӯяд, зеро дар ҳадис омадааст: «Вузӯи касе, ки "Бисмиллоҳ" нагуфтааст, дуруст нест».   "Сунан"-и Тирмизӣ: 56.

Вузӯ Зикрҳои шаръӣ
Намоиш дар сомонаи Ислом савол ва ҷавоб