Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.
Ҳукми касе, ки дар рӯзи Рамазон аз рӯи фаромӯшӣ бихӯрад ва ё бинӯшад, чист?
Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Ҳеҷ боке надорад ва рӯзааш дуруст мебошад, зеро Аллоҳ таъоло дар охири сураи Бақара фармудааст: «Парвардигоро! Агар фаромӯш намудем ё хато кардем, моро бозхост макун». Сураи Бақара: 286. Дар ҳадиси саҳеҳ аз расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) собит шудааст, ки Аллоҳ таъоло фармудааст: «Ба таҳқиқ иҷобат намудам».
Ҳамчунин аз Абуҳурайра (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) собит шудааст, ки мефармояд: «Ҳар рӯзадоре, ки аз рӯи фаромӯшӣ бихӯрад ва ё бинӯшад, рӯзаи худро идома бидиҳад, зеро Аллоҳ ӯро хӯронидаву нӯшонидааст». Муттафақун алайҳ. (Ривояти Бухорӣ ва Муслим).
Инчунин агар аз рӯи фаромӯшӣ ҳамбистарӣ намояд, рӯзааш тибқи саҳеҳтарин дидгоҳи донишмандон бо далели ояти карима ва ин ҳадиси шариф ва сухани зерини паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дуруст мебошад, ки фармудааст: «Касе ки дар моҳи Рамазон аз рӯи фаромӯшӣ ифтор кунад (чизе бихӯрад ва ё бинӯшад), қазо ва каффорае бар ӯ воҷиб нест». Ҳоким ин ҳадисро ривоят карда, онро саҳеҳ донистааст.
Лафзи ин ҳадис ҳамбистарӣ ва дигар шиканандаҳои рӯзаро дарбар мегирад, агар рӯзадор онро аз рӯи фаромӯшӣ анҷом бидиҳад. Ин аз раҳмат ва фазлу эҳсони Аллоҳ аст, ки бар ин неъмат Ӯро ҳамду сипос мегӯем.