Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.
Агар номи Ҳисса дар ҳақиқат номи шахс ва маънои дуруст дошта бошад, оё бароям ҷоиз аст, ки он номро ба кӯдакам бигузорам?
Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Ибни Манзур дар китоби Лисону-л-Араб дар решаи ҳасаса (حَصَصَ) фармуд: Ҳисса ба маънои насиб аз хӯроку нӯшокӣ, замин ва ғайри он аст. Ҷамъи он ҳисас (حِصَص) аст . . Ва ҳоссаҳу (وَحَاصَّهُ): Онро тақсим кард, пас ҳар яке аз онҳо ҳиссаи худро гирифт. Поёни сухан. Агар ту ва шавҳарат хоҳед, ки номи духтаратонро "Ҳисса" гузоред, дар он ҳеҷ монеияте нест.
Аллоҳ донотар аст.