Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.
Ман дӯст медорам, ки баъд аз рӯза ғусл бикунам, вале мегӯянд, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) аз ғусл кардан пас аз хӯрок хӯрдан манъ кардааст. Оё дуруст аст, ки ҳадисе аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) омадааст, ки баъд аз хӯрок хӯрдан ғусл карданро манъ мекунад?
Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Мо дар Шариъат ягон далелеро намедонем, ки бар мамнӯъ будани ғусл кардан пас аз хӯрок хӯрдан ё қабл аз он, дар Рамазон ва ё дар ғайри он далолат кунад. Ин яке аз чизҳои одатӣ аст. Асос дар он мубоҳ ва ҷоиз будани он мебошад.
Аллоҳ донотар аст.