Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.
Оё намози таровеҳ барои занон низ машрӯъ аст? Оё барои онҳо адо намудани намози таровеҳ дар манзил хуб аст ва ё ин ки барои ин намоз ба масҷид рафтан хуб аст?
Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Намози таровеҳ суннати муаккада аст. Қиёму-л-лайл (намози шаб) барои занон дар хонаҳояшон афзал аст, зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Занонатонро аз рафтан ба масҷидҳо манъ накунед ва хонаҳояшон барояшон беҳтар аст». Абудовуд ин ҳадисро дар "Сунан"-и худ дар боби "Баромадани занон ба масҷид" ва боби "Ташдид дар ин бора" ривоят кардааст. Ин ҳадис дар “Саҳиҳу-л-ҷомиъ” (7458) низ зикр шудааст.
Балки чи қадаре, ки намози зан дар макони махфитар ва хостаре адо гардад, беҳтар аст. Чуноне ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Намози зан дар ҳуҷрааш нисбат аз намози ӯ дар утоқи даромадгоҳ беҳтар аст ва намози ӯ дар ҳуҷраи хурди махсус, ки дар дохили ҳуҷра қарор дорад, нисбат аз намози ӯ дар ҳуҷра беҳтар аст». Абудовуд ин ҳадисро дар “Сунан”-и худ, дар китоби “Намоз”, боби “Баромадани занон ба масҷид” ривоят кардааст. Ин ҳадис дар “Саҳиҳу-л-ҷомиъ” (3833) низ зикр шудааст.
Аз Умми Ҳумайд зани Абуҳумайди Соидӣ ривоят аст, ки ӯ ба назди паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) омада гуфтаааст: Эй расулуллоҳ! Ман дӯст медорам, ки намозро бо ҳамроҳи шумо бихонам. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: «Ман донистаам, ки ту намозхониро бо ҳамроҳи ман дӯст медорӣ. Аммо намози ту дар ҳуҷраат нисбат аз намози ту дар утоқи даромадгоҳ беҳтар аст ва намози ту дар утоқи даромадгоҳ нисбат аз намоз дар ҳавлият беҳтар аст ва намози ту дар ҳавлият нисбат аз намози ту дар масҷиди қавмат беҳтар аст ва намози ту дар масҷиди қавмат нисбат аз намози ту дар масҷиди ман беҳтар аст». Пас ин зан амр намуд ва барояш дар ториктарин ва дуртарин гӯшаи хонааш масҷиде (намозгоҳе) бино карда шуд. Ва дар он ҷо то реҳлат аз дунё ва пайвастан ба Аллоҳ таъоло намоз мехонд. Ривояти Имом Аҳмад. Ровиёни санади ин ҳадис мӯътамад мебошанд.
Аммо ин афзалият монеи рухсати рафтани занон ба масҷидҳо намебошад. Чуноне ки дар ҳадиси Абдуллоҳ ибни Умар омадааст, ки мегӯяд: Аз расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) шунидаам, ки мегуфт: «Занонатонро аз рафтан ба масҷидҳо, ҳар гоҳ иҷозат биталабанд, манъ накунед». Дар ин ҳангом Билол ибни Абдуллоҳ гуфт: Қасам ба Аллоҳ, ки занонро аз рафтан ба масҷидҳо манъ мекунем. Абдуллоҳ ба ӯ рӯй оварда, ӯро чунон сахт дашном дод, ки ҳеҷ гоҳ чунин дашномро аз ӯ нашунида будам ва гуфт: Ман аз расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) сухан мегӯям ва ту мегӯӣ, ки қасам ба Аллоҳ, занонро аз рафтан ба масҷидҳо манъ мекунем. Ривояти Муслим (667).
Вале барои рафтани зан ба масҷид шартҳои зерин зарур аст:
Инчунин ҳангоми рафтан ба масҷид ягон амали ҳароме, ба монанди хилвату танҳоӣ бо ронандаи номаҳраме дар дохили худрав (мошин) ё амсоли он рух надиҳад.
Агар зан яке аз шартҳои мазкурро хилоф кунад, шавҳар ё валии зан метавонад ӯро аз рафтан ба масҷид манъ кунанд, балки манъ кардан дар ин ҳолат бар ӯ воҷиб аст.
Аз шайхамон Шайх Абдулазиз оиди намози таровеҳ пурсидам, ки оё барои зан хондани намози таровеҳ дар масҷид фазилати хоссе дорад? Шайх посухи манфӣ дода, гуфт, ки ҳадисҳо дар афзалияти намози зан дар хона ом аст, ҳам намози таровеҳ ва ҳам дигар намозҳоро дарбар мегирад. Аллоҳ таъоло донотар аст.
Аз Аллоҳ таъоло бароямон ва барои дигар бародарони мусулмонамон ихлосу пазиришро пурсонем ва аз Ӯ хоҳонем, ки амаламонро чунон гардонад, ки дар он муҳаббату розигии Ӯ бошад. Дуруду паёми Аллоҳ ба паёмбарамон Муҳаммад бод.