Support IslamQA

Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.

Оё рӯзаи шаш рӯзи Шаввол чуноне ки баъзе аз донишмандон қайд кардаанд, макруҳ аст?

05-05-2022

Савол 34780

Шумо дар мавриди рӯзаи шаш рӯзе баъд аз Рамазон чӣ мегӯед? Дар китоби "Муваттаъ"-и Молик омадааст, ки Имом Молик ибни Анас дар мавриди рӯзаи шаш рӯзе баъд аз иди Фитри Рамазон гуфтааст: Ӯ ягон аҳли илму фиқҳро надидааст, ки онро рӯза гирифта бошад ва аз ягон шахсе аз гузаштагон чунин чизе ба ман нарасидааст ва донишмандон онро макруҳ донистаанд ва аз бидъат будани он ва аз пайваст намудани рӯзаҳое ба Рамазон, ки аз он нест, метарсиданд. Ин сухан дар китоби "Ал-Муваттаъ" дар зери шумораи 228, дар ҷузъи аввали он зикр шудааст.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Аз Абуайюб (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) собит шудааст, ки расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Касе, ки Рамазонро рӯза гирад ва онро бо шаш рӯз аз Шаввол идома диҳад, (яъне шаш рӯзи дигар дар моҳи Шаввол рӯза гирад) монанди рӯзаи даҳр аст (гуё, ки як сол рӯза гирифтааст)».   Ривояти Аҳмад (5/417), Муслим (2/822), Абудовуд (2433) ва Тирмизӣ (1164).

Ин ҳадиси саҳеҳ далолат мекунад, ки рӯзаи шаш рӯзи Шаввол суннат аст. Шофеӣ, Аҳмад ва гурӯҳе аз имомони донишмандон ба он амал кардаанд. Дуруст нест, ки иллатандешии баъзе донишмандон дар муқобили ин ҳадис қарор бигирад, ки онҳо бар макруҳ будани рӯзаи Шаввол якчанд иллату сабабҳоеро зикр кардаанд, аз ҷумла: Аз тарси ин ки ҷоҳилон гумон кунанд, ки рӯзаи Шаввол бахше аз Рамазон аст ва ё ин ки гумон кунанд, ки он воҷиб аст. Сабаби дигар ин аст, ки аз донишмандони пешина ба онҳо нарасидааст, ки касе аз онон ин рӯзаро анҷом дода бошад.

Ҳамаи ин иллатҳо гумон аст ва дар муқобили ҳадисҳои саҳеҳ қарор гирифта наметавонад. Касе, ки медонад, дар баробари касе, ки намедонад, ҳуҷҷат аст.

Рӯзаи нофила
Намоиш дар сомонаи Ислом савол ва ҷавоб