Support IslamQA

Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.

Оё макидани ибҳом (ангушти калон, сарангушт) рӯзаро мешиканад?

25-03-2022

Савол 3624

Ман як мушкилие дорам ва он мушкилӣ ин аст, ки ман ҳанӯз аз кӯдакиам сарангушти худро мемакам. Ин одат дар вақтҳои беморӣ зиёд мешавад. Ман дар шакку шубҳа ҳастам, ки оё ин амал ҳаром аст ва ё на? Оё ин амал рӯзаи маро фосид мекунад? Як дӯсте ба ман гуфт, ки ҳар чизе вориди бадан шавад, рӯзаро ботил мекунад. Лутфан ҳарчӣ зудтар ба саволи ман посух бидиҳед, зеро Рамазон ба наздикӣ оғоз мешавад ва аз ин чиз шарм медорам ва дар ин бора бо касе сӯҳбат кардан намехоҳам, ҳатто бо шавҳарам.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Шумо бояд барои тарк намудани ин одат саъю кӯшиш кунед ва ангушти худро аз даҳонатон бароред, ҳар боре, ки аз он огоҳ шавед. Ҳар он чизе, ки дар ҳоли фаромӯшӣ рӯй медиҳад, ба рӯзаи шумо зарар намекунад.

Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Аллоҳ таъоло аз уммати ман хато ва фаромӯшӣ ва он чи ки бар он маҷбур карда мешаванд, гузашт кардааст».   Ибни Моҷа (2033) ин ҳадисро ривоят кардааст ва дар "Саҳиҳу-л-ҷомиъ" дар зери шумораи (1731) зикр шудааст.

Муфсидот ва шиканандаҳои рӯза
Намоиш дар сомонаи Ислом савол ва ҷавоб