Support IslamQA

Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.

Зиёрати қабри паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) барои занон ҳаром аст

01-08-2020

Савол 36812

Оё зиёрати қабри паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) барои занон ҷоиз аст?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Шайх Ибни Боз (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:

Ин амал барои онҳо ҷоиз нест, бо сабаби умуми ҳадисҳои воридшуда оиди манъи занон аз зиёрати қабрҳо ва лаънат намудани онҳо барои зиёрати он. Ихтилоф дар мавриди зиёрати қабри паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) барои занон машҳур аст. Вале тарк намудани он эҳтиётноктар ва ба суннат мувофиқтар аст, зеро расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) қабри худ ва қабри дигаронро истисно накардааст. Балки ононро ба таври ом манъ кардааст ва занонеро, ки он амалро кардаанд, лаънат намудааст. Воҷиб аст, ки ба умум амал карда шавад, модоме нассе (далеле) набошад, ки қабри паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод)-ро хос намояд. Ҳеҷ далеле нест, ки қабри паёмбарро хос намояд. Аллоҳ соҳиби тавфиқ аст. Поёни сухан

Хатоҳое, ки баъзе аз ҳоҷиён ва умракунандагон ба он воқеъ мешаванд Ҷанозаҳо ва аҳкоми қабристон
Намоиш дар сомонаи Ислом савол ва ҷавоб