Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.
Аркони рӯза чист?
Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Фақеҳон иттифоқ кардаанд, ки худдорӣ аз муфтирот (хӯрдану нӯшидан ва ҳамбистарӣ) аз тулӯъи фаҷри содиқ то ғуруби офтоб рукне аз аркони рӯза мебошад.
Аммо дар мавриди ният ихтилоф кардаанд: Ҳанафиён ва ҳанбалиён онро барои дурустии рӯза шарт медонанд.
Аммо моликиёну шофеиён онро рукни дигаре медонанд, ки ба (рукни аввал) худдорӣ изофа карда мешавад.
Ният хоҳ рукн ҳисобида шавад ва ё шарт, рӯза - ба монанди дигар ибодатҳо - бе ният дуруст нест, ҳамроҳ бо худдорӣ аз муфтирот (хӯрдану нӯшидан ва ҳамбистарӣ ва дигар шиканандаҳои рӯза).
(Ал-Баҳру-р-роиқ: 2/276. Мавоҳибу-л-ҷалил: 2/378. Ниҳояту-л-муҳтоҷ: 3/149. Найлу-л-маориб шарҳу далили-т-толиб: 1/274).
Аллоҳ донотар аст.